Душанбе: масъулин сокинони пойтахтро ба камхарҷ гузаронидани ҷашну маросимҳо даъват менамоянд
ДУШАНБЕ, 16.05.2017. /АМИТ Ховар/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати риоя гардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тадбирҳои судманд меандешад.
Бино ба иттиллои Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе дар пойтахт барои пешгирии қонуншиканиҳо 1086 комиссияи ҷамъиятӣ дар ҳамоҳангӣ бо 5 комиссияи доимӣ фаъолият доранд.
Дар давоми чор моҳи соли равон аз тарафи шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе барои риоя накардани қонуни мазкур нисбат ба 30 қонуншиканӣ санади ҳуқуқвайронкунӣ тартиб дода шуда, ба суд ирсол гардид.
Аз вайрокунандагони қонун ба маблағи 85 ҳазору 700 сомонӣ ҷарима ситонда, ба буҷаи давлат ворид карда шуд. Айни замон 31 ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ мавриди омӯзиш қарор гирифта, баъди баррасии ҳамаҷониба ба суд ирсол хоҳанд шуд. Зимни гузарондани санҷишҳои муштарак 61 адад қонуншиканӣ, аз ҷумла дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ 15 адад, Шоҳмансур 10 адад, Фирдавсӣ 13 адад, Сино — 15 адад ва шуъбаи шаҳрӣ — 8 адад ошкор гардиданд.
Дар ин давра комиссияҳои доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои пойтахт барои камхарҷ доир намудани ҷашну маросимҳо, пешгирии қонуншиканиҳо ва таблиғи корҳои хайриявӣ, дар маҷмӯъ 119 суҳбату вохӯрӣ доир намуданд. Дар вохӯриҳо масъулин моҳияти қонуни мазкурро ба шаҳрвандон фаҳмонида, аз онҳо риояи қатъии онро талаб намуданд.
Дар давраи зикршуда дар ҳамкорӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 320 санҷиши муштарак гузаронда шудаанд.














НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад






