Эҳсоси шоми мусаффо ва дӯстӣ зимни ифтитоҳи маросими ботантанаи Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон дар Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 11.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Шоми 10 май дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ифтитоҳи ботантанаи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар он Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон, роҳбари ҳайати расмии ин кишвар Минҳоҷиддин Мирзоҷонов, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон ва дӯстдорони фарҳангу санъати ҳамсони ин ду мардуми дӯст иштирок намуанд.
Қабл аз оғози маросими ботантана меҳмонон аз намоиши санъати тасвирӣ ва аккосии «Ӯзбекистони муосир», ки дар даромадгоҳи театр ба маъраз гузошта шуда буд, боздид ба амал оварда, бо суннатҳои фарҳангӣ ва рассомии мусаввирони ин кишвар шинос гардиданд.
«Фазои басо зебо ва шоми мусаффоест, ки зимни он маросими ботантанаи кушодашавии Рӯзҳои фарҳанги кишвари ба мо дӯст- Ӯзбекистон дар Тоҷикистон расман баргузор гардид. Қабл аз оғози ҳунарнамоии бародарони ӯзбек байти шоир ба ёдам омад, ки гуфтааст:
Донӣ, ки чист давлат? Дидори ёр дидан,
Дар кӯйи ӯ гадоӣ бар хусравӣ гузидан.
Аз ҷон тамаъ буридан осон бувад, валекин
Аз дӯстони ҷонӣ мушкил тавон буридан.
Ин дӯстии абадие, ки халқҳои тоҷик ва ӯзбек доранд, боварӣ дорам, ки боз ҳам таҳким меёбад ва то абад боқӣ мемонад»,-иброз дошт Шамсиддин Орумбекзода.
Минҳоҷиддин Мирзоҷонов зимни ифтитоҳи ин маросим чунин гуфт: «Фарҳанг, адабиёт ва санъати мардумони тоҷику ӯзбек як аст. Ман шодам, ки дар расми кушодашавии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин меҳмонони олиқадр ташриф овардаанд. Новобаста аз он, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз соли 1992 оғоз ёфтаанд, решаҳои дӯстии ин миллатҳо таърихи қадимӣ доранд. Барои тасдиқи гуфтаҳои боло кофист дӯстӣ ва ҳамкории ду фарзанди фарзонаи миллат- шоирони забардаст Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоиро мисол оварем».
Ҳунарпешаҳои машҳури Ӯзбекистон Ғуломҷон Ёқубов, Маҳмуд Намозов, Севинч Мӯминова ва Ансамбли давлатии тарона ва рақси «Ӯзбекистон» бо сурудҳои ҷолиби худ табъи иштирокдоронро болида гадониданд.
Бояд зикр кард, ки имрӯз иштирокчиёни Рӯзҳои фарҳангӣ ба шаҳри Қӯрғонтеппа сафар карда, барномаи консертии худро ба сокинон ва меҳмонони ин шаҳр манзур менамоянд.
Маросими ботантанаи анҷоми Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 майи соли 2017 соати 18:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ барпо мешавад.















Дар шаҳри Бӯстон даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон наворбардории филми мустанади «Хутали қадим» оғоз гардид
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар даври вилоятии ин фестивал-озмун шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойи якум гардид
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» дар нашриёти «Дониш» чоп шуд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд






