Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тараннуми Ватан» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 03.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 34-солагии Истиқлоли давлатӣ бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тараннуми Ватан» баргузор гардид, ки дар он 42 нафар иштирокчиён сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тараннуми Ватан» аз рӯи ду синну сол — қироати шеър байни наврасони то 14-сола ва аз 14-сола боло баргузор гардида, Робия Сиддиқова ва Юсуфҷон Искандаров ғолиби ҷойи якум дониста шуданд. Ғолибони озмун ҳар кадоме бо диплом ва 10 000 сомонӣ мукофотпулӣ қадрдонӣ гардиданд.
Инчунин дар озмун 2 нафар сазовори ҷойи якум, 4 нафар сазовори ҷойи дуюм ва 6 нафар лоиқи ҷойҳои сеюм гардиданд. Ҳамчунин ба 30 нафар гирифтани ҷойи ифтихорӣ муяссар шуд.
Мақсад аз баргузории ин озмун боло бурдани ҳисси худшиносии сокинон, тарғиб ва тарбияи эҳсоси ватандӯстӣ дар замири ҳар як фарди мамлакат, ҳифзи якпорчагии марзу бум, ваҳдати сартосарӣ, ифтихор аз Истиқлоли давлатӣ ва дарёфту ҳавасманд намудани истеъдодҳои наврасу ҷавон мебошад.
Иштирокчиёни озмун бо истифода аз дастгоҳҳои муосири наворбардорӣ шеър ё таронаеро дар васфи Ватан замзама намуданд, ки дар гурӯҳи фейсбукӣ ва ютубии рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» – и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ҷой дода шуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд






