«Фардои Ватан ва ояндаи миллатро бо дасти худ бисозем»-бардошт аз мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо ҷавонон

Май 22, 2017 17:18

ҚӮРҒОНТЕППА, 22.05.2017 /АМИТ «Ховар» /.  Имрӯз, 22  май  дар  шаҳри Қӯрғонтеппа  вохӯрии раиси  вилояти  Хатлон  Давлатшоҳ  Гулмаҳмадзода бо  ҷавонон  баргузор  гардид.  Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Д. Гулмаҳмадзода ҷавононро қувваи  созанда  номида, баён дошт, ки «ин санаи муҳим-Рўзи ҷавонон ҳар сол бо шукўҳу шаҳомат ва орзуву ниятҳои неки созандаву бунёдкорона ҷашн гирифта  мешавад. Иҷрои вазифаҳои гузошташуда ва рафъи мушкилоту камбудиҳои мавҷуда муносибати бисёр ҷиддии масъулини тамоми сохторҳои вилоятӣ, устодону омӯзгорон, падару модарон ва умуман аҳли ҷомеа, аз ҷумла  ҷавонони бонангу номусро мехоҳад».

Зикр шуд, ки ҷавонон вазифадоранд, ки илму дониш ва касбу ҳунар омўзанд, фардои Ватан ва ояндаи миллатро бо дасти худ бисозанд.

 

 

Май 22, 2017 17:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Соҳибкори маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон бунгоҳи тиббӣ бунёд кард
Дар Бадахшон шумораи марказҳои рушди барвақтии кӯдакон меафзояд
Дар Фестивал-озмуни телевизионии «Бӯстон-2017» дар Тоҷикобод фарҳанги миллии либоспӯшӣ намоиш дода шуд
Ноҳияи Ш. Шоҳин: убури ғайриқонунии сарҳад пешгирӣ мешавад
Ярмаркаи либоси мактабӣ ва тақдими либоси ройгон ба хонандагони ятим
Шариф Назарзода: «Маданияти шаҳрдорӣ» дар Суғд ба камшавии шумораи ҷиноятҳо мусоидат намуд
Сангвор: ба 203 нафар сокинон барои рушди соҳибкорӣ қарзҳои имтиёзноку дарозмуддат дода шудаанд
Хатлон: истеҳсоли маҳсулот дар ҳачми 2,6 млрд. сомонӣ
Қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Бӯстон натиҷагирӣ карда шуд
Дуздии 2 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷониби ноболиғони 17- сола
Семинари омӯзишӣ оид ба «Таъмини дастрасии биноҳо ва иншоот барои шахсони имконияташон маҳдуд»
Норак: аҳамияти ширкати занон дар идоракунӣ