Фестивали «Об-манбаи ҳаёт» дар ҷамоати Поршиневи ноҳияи Шуғнон

Май 10, 2017 15:00

ХОРУҒ, 10.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Барномаи Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018 -2028, ки бо пешниҳоди Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз сӯи  Созмони Милали Муттаҳид ба тасвиб расид, бо ибтикори Ассотсиатсияи истифодабарандагони об дар ҷамоати деҳоти Поршиневи ноҳияи Шуғнон фестивали «Об- манбаи ҳаёт» баргузор шуд. Раиси Ассотсиатсияи мазкур Шафтолу Броимшоев гуфт, ки  «ин фестивал дар саргаҳи рӯдхонаи  дараи Барчид, ки  9 деҳаи ҷамоат оби онро истифода мебаранд, баргузор гардид. Омӯзгорону хонандагони муассисиаҳои таълимӣ оид ба самаранок истифода бурдани об, роҳҳои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани соҳили ҷӯйбору дарёҳо изҳори назар намуданд».

Сокинони ҷамоати Поршинев аз оби дараи Барчид тавассути 9 ҷӯйбори калон боғу киштзорони худро обёрӣ мекунанд. Ҳар яке аз ин ҷӯйборҳо мутаносибан аз 3 то 5 километр дарозӣ доранд ва ҳамасола бар асари селу тарма хароб мегарданд. Аз ин рӯ баъди фестивал як гурӯҳ сокинони деҳот ба таъмиру барқарорсозии ҷӯйборҳо машғул шуданд. Ба гуфтаи Шафтолу Броимшоев, «зимистони имсол барфи зиёд борид ва эҳтимоли рахна шудани соҳили дарё вуҷуд дорад. Бинобар ин дар ҳамин фестивал тасмим гирифтем, ки то мавсими обхезӣ ҳар рӯзи шанбе ба ҳашар баромада, соҳили дарёро мустаҳкам намоем. Зеро чанд даҳсола пеш ин дарё аз маҷрои худ берун шуда, чандин манзил ва киштзорони сокинони деҳаи Барчидро хароб кард. Агарчӣ дар ду-се соли охир бо кумаки мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатии вилоят ду тарафи соҳили ин дарё бо сангу симтӯр мустаҳкам карда шуд, аммо боришоти имсол сокинони ҷамоати деҳотро водор сохт, ки барои ҷилавгирӣ аз рахнашавии соҳил тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Май 10, 2017 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид