Гусели сарбозон ба хонаи волидайн муташаккилона сурат мегирад
ДУШАНБЕ, 09.05.2017. /АМИТ «Ховар» /. Дар отрядҳои сарҳадӣ ва ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ маъракаи гусели сарбозоне, ки хизмати ҳатмии ҳарбиро ба анҷом расонданд, бо маром идома дорад, — иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» сардори хадамоти матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии мамлакат Муҳаммад Улуғхоҷаев.
Тавре ки М.Улуғхоҷаев зикр кард, дар доираи иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1990-1999-и Ҷумҳурии Тоҷикистон» дирӯз дар отряди сарҳадии Мурғоб маросими гусели сарбозоне, ки хизмати ҳарбиро адо карданд, сурат гирифт.
«Ин сарбозони далеру шуҷоъ хизматро дар дурдасттарин минтақаи кишвар — ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон адо намуда, бо сари баланду табъи болида ба назди волидайни худ бармегарданд. Хизмат дар ин минтақа махсусиятҳои худро дошта, аз марзбонон далериву ҷасурӣ, иродаи қавӣ ва пуртоқатиро талаб менамояд», — таъкид кард М.Улуғхоҷаев.
Роҳбарияти қисмҳои ҳарбӣ ба сарбозон барои хизматҳои шоён миннатдорӣ ва арзи сипос намуда, умед карданд, ки дар оянда низ ин родмардон барои ободиву осоиштагии меҳан саҳми шоистаи худро мегузоранд.
Иттилоъ дода шуд, ки ин ҳомиёни марзу буми аҷдодӣ тавассути тайёраҳо аз болои қуллаҳои барфпӯши Боми ҷаҳон гузашта, ба шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд фиристонида шуданд.
Ҳамин гуна маросимҳои гусели сарбозон дар тамоми ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ба таври тантанавӣ идома дошта, масъулин баҳри дар сатҳи баланд гузаронидани гусели сарбозон тадбирҳои заруриро амалӣ мекунанд.
Сарбозоне, ки дар минтақаҳои наздик зиндагӣ мекунанд дар давраи навбатӣ ба эҳтиёт рухсат шуда, бо роҳкиро таъмин карда мешаванд.
Дар хадамоти матбуоти Қушунҳои сарҳадӣ иттилоъ доданд, ки чунин маросими гусели сарбозон дар маркази таълимии «Пойтахт» бо иштироки Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ баргузор карда шуд.








Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид






