Хабарнигорони АМИТ «Ховар» аз Боғи Ғалаба: иштирокчиён ва собиқадорони ҷанг даъват ба амал оварданд, ки баҳри ободиву шукуфоӣ ва сулҳу амонӣ кӯшиш ба харҷ диҳем
ДУШАНБЕ, 09.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи Ғалаба ба муносибати 72 -юмин солгарди ғалаба дар ҷанги солҳои 1941-1945 чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Ба ин муносибат майдони маросимҳои Боғи Ғалаба идона ороста шуда буд. Гузашти низомии ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳ ва қисмҳои ҳарбии гарнизони Душанбе дар сатҳи олӣ пешкаши иштирокдорон гардид.
Хабарнигорони АМИТ «Ховар» дар ин чорабинии муҳташам иштирок намуда, бо чанд нафар ҳамсуҳбат шуданд:
Валӣ Саёрабеков, муовини Раиси Шӯрои собиқадорони Ҷангу меҳнат, ҷанговари интернатсионалист иброз намуд, ки сол то сол чорабиниҳое, ки ба ин рӯз бахшида мешаванд, шукӯҳи тоза касб менамоянд. Ба гуфтаи Валӣ Саёрабеков, имрӯз бори дигар исбот шуд, ки роҳбарияти давлату ҳукумат ба иштирокчиёни ҷангу меҳнат таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Номбурда ҷанговарони интернатсиалистро идомадиҳандаи кори падарону бобоёни бузург хонда, афзуд, ки имрӯз онҳо кори тарбиявии насли наврасро идома дода истодаанд, то ватани азизамон боз ҳам ободу зебо гардад.

Хадичахон Абдуллоеваи 82-сола зикр намуд: «Занони Тоҷикистон, мисли шавҳарон ва бародарони худ дар ҷабҳаҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон вазифаи худро бошарофона иҷро карда, мардонагӣ, қаҳрамонӣ ва шуҷоат нишон доданд. Қаҳрамониҳои занони тоҷик дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон дар саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик махсус қайд гардидаанд. Дар он айём занони Тоҷикистон якҷоя бо намояндагони дигар халқҳои Иттифоқи Шӯравӣ дар як саф истода, ҳам дар фронт ва ҳам дар ақибгоҳ дар торумор намудани душман қаҳрамониҳо нишон доданд. Ман ҳам дар он солҳо, ки дар сини наврасӣ будам, дар ақибгоҳ дар госпитали ҳарбӣ ба ҳайси ёрдамчӣ кор кардам». Хадичахон Абдуллоева шукрона мекунад, ки имрӯз дар яке аз кишварҳои ободу зебои дунё умр ба сар мебарад ва ба роҳбарияти давлату ҳукумати кишвар барои ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи ҳамешагӣ дар ҳаққи собиқадорони ҷангу меҳнат изҳори миннатдорӣ намуд.
Ҷамоли Абдулҳай, рӯзноманигори тоҷик мегӯяд, ки гарчанде аз ба охир расидани ҷанги хонумонсӯз 72 сол гузашта бошад ҳам, вале оқибатҳои онро имрўз ҳам дидан мумкин аст, зеро ягон оилаи тоҷикистонӣ набуд, ки ба он хатти сиёҳ наомада бошад. Оилаҳо падар, писар ё бародару хоҳарро дар ҷанг гум карданд. Ман ҳам яке аз нафароне будам, ки дар ин ҷанги хонумонсӯз 4 бародари худро аз даст додам. Он вақтҳо ман 10-сола будам ва доду фиғони модарамро то ҳол фаромуш накардаам. Дар Соли ҷавонон орзу мекунам, ки насли имрӯзу фардои мо хушбахт бошанд ва он рӯзҳои сахти ҷанг, фиғони модарон ва гиряи ятимонро ҳеҷ гоҳ набинанд. Дар сарзамини мо ҳамеша сулҳ танинандоз бошад.
Иштирокчии дигари ҷанг Саид Раҷабови 91-сола таъкид кард, ки шуҷоату қаҳрамонии фарзандони халқи тоҷик дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон намунаи олии ватандӯстӣ ва сабақи беҳтарини мардонагиву ватандорӣ барои наслҳои имрӯзу оянда мебошад ва ҷавононро мебояд аз ин сабақ баҳра гиранд. Саид Раҷабов дар ҷавоб ба ғамхориҳо бо эҳтиром зикр кард, ки аз дастгирӣ, кумак ва таваҷҷуҳи доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдор ҳаст ва таманно намуд, ки Пешвои миллат ҳамеша саломат бошанд.
Иштиркочиён ва собиқадорони ҷанг бо шукургузорӣ аз соҳибистиқлолӣ ва сулҳу ваҳдати кишвар аз ҷавонондухтарону ҷавонписарон, ки аксарияти иштирокдоронро ташкил мекарданд, даъват ба амал оварданд, ки баҳри ободиву шукуфоӣ ва сулҳу амонӣ кӯшиш ба харҷ дода, дар таҳсил ва кору пайкор фаъол бошанд. Ҳамеша онҳоеро гиромӣ бояд дошт, ки барои озодии ин сарзамин ва саодати халқ ҷоннисориҳо кардаанд.








Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии охири асри XX ба ҳисоб меравад
Номи «пиряхи Ванҷях» ба «пиряхи Тоҷикистон» иваз карда шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Бохтар таҳти унвони «Номи неки қаҳрамонон ҷовидон мемонад» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН. Дар панҷ моҳи соли равон дар пойтахт 37 маротиба аксияи «Тозагии соҳил» ва 34 маротиба аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид
Дар Испания шумораи рекордии фавт аз гармӣ ба қайд гирифта шуд






