Хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз қисмҳои ҳарбӣ дидан намуданд
ДУШАНБЕ, 08.05.2017/АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Соли ҷавонон ва 72-солагии Рўзи Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои 1941-1945 хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе аз қисмҳои ҳарбии №10040, №02615Г-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, №6593-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд. Дар ин бора аз Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, мақсад аз баргузории чорабинии мазкур баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули худшиносиву зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлат ва ҷалби ҷавонон барои хизмат ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Иқдоми мазкур аз ҷониби Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид






