Ҷиҳод қатли модару хоҳар ва кӯдакони мазлум нест, ҷиҳод дар роҳи некию накӯкорӣ ва ободонӣ ҷаҳд кардан аст!

Май 11, 2017 11:30

ДУШАНБЕ, 11.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз бо иштироки Аниса Ҷалилӣ, муовини раиси ноҳияи Ашт, Зафар Мамадҷонов, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Ашт, Файзулло Баротзода, директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҳмуд Сангалиев, мутахассиси Раёсати фатвои Маркази исломшиносӣ ва Фирдавс Салимов, мутахассиси пешбари Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд бо сокинон ва ҷавонони ҷамоатҳои  Понғоз, Меҳробод, Пунук ва Ашт оид ба пешгирӣ кардани сокинон аз равияҳои дорои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт хабар доданд, Зафар Мамадҷонов иброз дошт, ки мақсад аз роҳандозии вохӯрӣ бо сокинон пешгирии ин зуҳуроти номатлуб ва маълумот додан дар бораи равияҳои террористӣ ва оқибатҳои нанговари он мебошад.

Файзулло Баротзода, директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки имрӯз аксари ҷавонони мо мехоҳанд дар донишгоҳҳои олии кишварҳои хориҷ таҳсил намоянд, аммо бархе аз онҳо иштибоҳан ва ё бо хости худ дар кишварҳои исломӣ таълимоти динӣ мегиранд, ки ин ба ақидаҳои мазҳаби ҳанафӣ рост намеояд.

Маҳмуд Сангалиев, мутахассиси Раёсати фатвои Маркази исломшиносӣ дар мавзӯи ҳисси миллии ҷавонон чунин гуфт: «Имрӯз ҷавонон бояд барои дифои Ватани хеш камари ҳиммат банданд, ки ин қарзи ҳар як ҷавони тоҷик аст. Дар шароити ҳозира мубаллиғони гурӯҳҳои тундрав андешаи ҷавонони моро дигар карда, онҳоро гумроҳ менамоянд ва ба ҷиҳод даъват мекунанд. Аксари ҷавононе, ки имрӯз ба Сурияу Ироқ ба хотири ҷиҳод рафтаанд, дар асл иштибоҳи бузург кардаанд. Ҷиҳод қатли модар, бародар, хоҳар ва кӯдакони мазлум нест, балки ҷиҳод дар роҳи некию накӯкорӣ ва ободонӣ ҷаҳд кардан аст»,-афзуд ӯ.

 

 

 

 

Май 11, 2017 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст