Имрӯз барои ҷавонон зарурати омӯзиши технологияи муосир ва забони хориҷӣ пеш омадааст
ХОРУҒ, 11.05.2017. /АМИТ«Ховар»/. Бо бунёд гардидани биноҳои истиқоматию маишӣ, таълимию тандурустӣ ва корхонаҳои хурди истеҳсолӣ симои шаҳри Хоруғ ва маркази ноҳияҳо куллан тағйир ёфта, ҷавонони зиёд соҳиби касбу кор мегарданд.
Муовини сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Сураҷ Чоршанбиев ба хабарнигори АМИТ “Ховар” гуфт, ки «солҳои пеш мутахассисони соҳаи бинокорӣ дар ҳудуди вилоят камшумор буданд ва аз ин рӯ масъулини ширкатҳои сохтмонӣ маҷбур мешуданд, ки барои анҷоми баъзе корҳои сохтмонӣ мутахассисонро аз дигар манотиқи ҷумҳурӣ даъват намоянд. Аммо Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят дар ҳамкорӣ бо Маркази таълими калонсолон ва курсҳои бозомӯзии назди Донишгоҳи Осиёи Марказӣ тавонист дар давоми се соли охир ин мушкилро комилан бартараф намояд. Ҳоло дар аксарияти сохтмонҳои ҳудуди вилоят ҷавонони маҳаллӣ кор мекунанд. Танҳо дар бунёди бинои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, ки моҳи сентябри соли равон дари худро ба рӯи донишҷӯён боз мекунад, қариб 500 нафар ҷавонони маҳаллӣ ба кор ҷалб шудаанд ва мутахассисони хориҷӣ низ аз сифати корашон изҳори қаноатмандӣ намуданд».
Ба гуфтаи Сураҷ Чоршанбиев, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 ба нақши ҷавонон дар корҳои бунёдкорию созандагӣ такони бештар хоҳад гузошт. Ҳар як ҷавон имрӯз ба хубӣ дарк мекунад, ки дар замони муосир ҳатто барои интихоби касби харротию челонгарӣ ва ё дӯзандагию бофандагӣ зарурати омӯзиши технологияи муосир ва забони хориҷӣ пеш меояд. Барои омӯзиши ин фанҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят марказҳои гуногуни таълимӣ фаъолият доранд ва ҳар як ҷавон метавонад аз хизмати ин марказҳо истифода барад. Барои таҳсил дар хориҷи кишвар низ шароити мусоид фароҳам аст. Соли равон шумораи донишҷӯёне, ки дар донишгоҳу донишкадаҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, то ба 500 нафар расид.
Мутобиқи маълумоти оморӣ, теъдоди аҳолии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба 214 нафар расидааст, ки 80 ҳазори онро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Файз МИРҲАСАН










Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






