Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда ва боридани борон дар назар аст
ДУШАНБЕ, 23.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар имрӯз, 23 май дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе маврид борони кӯтоҳмуддат меборад.
Бар асоси пешгӯии ин марказ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҷойҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ғарби вилоят ҳаво шабона 9-14 ва рӯзона 23-28 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона -3+2 ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат, чангу ғубор ва раъду барқ дар назар аст. Ҳарорати ҳаво шабона 18-23 ва рӯзона 31-36 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда шуда, боридани борон ва раъду барқ дар назар аст. Дар водиҳо ҳаво шабона 17-22 ва рӯзона 29-34 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, борони кӯтоҳмуддат ва дар баъзе маврид борони шиддатнок меборад. Ҳамчунин чангу ғубор ва раъду барқ мешавад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 13-18 ва рӯзона 29-34 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар аст. Гармии ҳаво шабона 15-17 ва рӯзона 30-32 дараҷаро ташкил медиҳад.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






