Исфара: Иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ қадршиносӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 06.05.2017./АМИТ «Ховар»/. Ба ҳар кадом аз 15 нафар собиқадорони иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ аз Исфара ба шарафи 72-юмин солгарди Рӯзи Ғалаба кумаки якдафъаинаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, ки аз 3000 сомонӣ иборат буд, ҳадя гардид. Номаҳои муборакбодӣ ва кумакҳоро ба зафармардони Исфара намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода ва Раиси шаҳри Исфара Дилшод Расулзода тақдим намуданд.
Дар ин бора аз дафтари матбуоти раиси шаҳри Исфара Иқбол Тешаев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин дирӯз ба собиқадорони ҷангу меҳнат туҳфаҳои идонаи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ иборат аз 1500 сомонӣ ва ҳадяи раиси шаҳри Исфара Дилшод Расулзода дар ҳаҷми 600 сомонӣ супорида шуданд.
Бояд тазаккур дод, ки ба ифтихори ҷашни Ғалаба 28 нафар аъзои оилаҳои камбизоати шаҳр низ аз ин гуна таваҷҷуҳу ғамхории идонаи роҳбарияти давлату ҳукумат баҳраманд гардиданд.
Тазаккур бояд дод, ки аз шаҳру деҳоти Исфара 7389 нафар ба ҷабҳаҳои ҷанг сафарбар гардида, 1049 нафарашон ҷони худро қурбон кардаанд.
Аз 5440 нафар ҷавонмардони ба Ватан баргаштаи Исфара, ки минбаъд барои пешрафти ҷомеа ва рӯзгори ободу осудаи имрӯзаи мо заҳмат кашидаанд, дар айни ҳол 15 нафар давлати пирӣ меронанд.
Муборакбодиҳои идона, дидорбиниву аёдат ва қадршиносии родмардони майдони мубориза бо фашизм аз ҷониби роҳбарияти 12 ҷамоати шаҳраку деҳот, вакилони маҷлисҳои вилоятӣ ва шаҳрӣ, сарварони ҷомеаҳои меҳнатӣ ва соҳибкорони саховатпешаи Исфара идома доранд.










Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






