Комроншоҳи Устопириён дар Чемпионати Осиё оид ба дзюдо соҳиби медали тилло гардид!

Май 29, 2017 11:33

ДУШАНБЕ, 29.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавони маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар Чемпионати  Осиё оид ба дзюдо  дар Гонконг ба унвони қаҳрамонӣ шарафёб шуда, соҳиби медали тилло гардид. Ӯ  27 май дар қувваозмоии ниҳоӣ дар вазни — 90 кило бар  вазишгари Қазоқистони Ислом Бозбоев  пирӯз шуд.

Бояд зикр кард, ки соли гузашта дар Чемпионати  Осиё оид ба дзюдо, ки дар пойтахти Ӯзбекистон баргузор шуда буд, паҳлавони тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар вазни — 90 кило ҳамаи рақибонашро шикаст дода, соҳиби медали тилло гардид.

Ин паҳлавони тоҷик баъди ду пирӯзӣ дар даврҳои муқаддамотӣ бар Алдикан Ғанам, ки таҳти парчами Федератсияи байналмилалии  дзюдо (IJF) ба майдон омад ва Муҳаммадкарим Хуррамов аз Ӯзбекистон ба даври нимфиналӣ роҳ ёфта, Шоичиро Мукаиро аз Ҷопон мағлуб кард.

Паҳлавони дигари тоҷик Саидҷалол Саидов  27 май дар вазни — 100 кило, ки дар даври аввал озод буд, дар даври баъдӣ аз Ҳусейн Шоҳи покистонӣ шикаст хӯрд. Сипас ӯ бар Иван Ремаренко (Аморати Муттаҳидаи Араб) пирӯзӣ ба даст овард. Баъдан Саидҷалол Саидов барои медали биринҷӣ аз Шералӣ Ҷӯраеви ӯзбекистонӣ шикаст хӯрда, дар натиҷа мақоми панҷумро соҳибӣ кард.

Хотиррасон менамоем, ки  дар Чемпионати  Осиё оид ба дзюдо  дар  Гонконг ҳамагӣ 244 варзишгар (140 мард ва 104 зан) аз 28 кишвар ширкат  намуданд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳафт гӯштингир дохил  буд.

Комроншоҳи Устопириён 7 январи соли 1993 дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд таваллуд шудааст. Соли 2015 факултаи тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии Хуҷандро хатм кардааст. Ӯ аз сулолаи паҳлавонон Устопировҳо мебошад. Аз соли 2012 ба дзюдо машғул аст. Аввалин мураббиаш падараш Усто Устопиров мебошад. Баъдан таҳти роҳбарии Владимир Елчанинов тамрин кардааст. Ҳоло бо раҳбарии бародараш Фаридун Устопиров ва Воҳид Фарлак, шаҳрванди эронитабори Олмон машқ мекунад.

Устоди дараҷаи байналмилалӣ Комроншоҳи Устопириён соли 2013 дар Ҷоми Аврупо дар шаҳри Киеви Украина ҷойи аввал, дар Ҷоми Владимир Путин дар Хасавюрти Доғистон, дар Гран-прии Алматии Қазоқистон, дар Гран-прии Тошканди Ӯзбекистон ҷойҳои сеюм, соли 2014 дар Ҷоми Осиё дар Тайван ҷойи дуюм, дар Бозиҳои XVII осиёӣ дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ ҷойи панҷум, дар Гран-прии Остонаи Қазоқистон ҷойи аввал, соли 2015 дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Кувайт ҷойи сеюм, дар Ҷоми Осиё дар Тайван ҷойи дуюм, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Остона ҷойи панҷум, дар Гран-прии Тошканд ҷойи дуюм, соли 2016 дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Тошканд ҷойи аввал, соли 2017 дар Гран-прии Дюсселдорфи Олмон ҷойи ҳафтум, дар Гран-прии Анталияи Туркия ҷойи дуюм ва дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Гонконг ҷойи аввалро соҳиб шудааст.

Ӯ дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия ширкат кардааст.

Комроншоҳи Устопириён дар айни ҳол дар рейтинги (феҳристи) Федератсияи байналмилалии  дзюдо  (IJF) бо 1460 имтиёз дар байни 299 гӯштигири ҷаҳон дар вазни  — 90 килограмм дар мақоми 12-ум қарор дорад. Номаш баъд аз пирӯзӣ дар мусобиқоти қаҳрамонии дзюдои Осиё дар Гонконг дар феҳристи нави ҷаҳонии дзюдо боло хоҳад рафт.

Ӯ дар риштаҳои самбо ва гӯштини кураш низ ғолибу ҷоизадори бисёркаратаи мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ ва байналмилалист.

Ёдовар мешавем, ки 26 май- дар рӯзи аввали Чемпионати  Осиё оид ба дзюдо  дар Гонконг чаҳор варзишгари тоҷик барои медалҳо мубориза бурданд. Сӯҳроб Боқиев дар рақобатҳо дар вазни — 60 кило баъди се пирӯзӣ бар Чон Ҳу Лио (Макао), Янг Вей Янг (Тайван) ва Ёнг Нам Пак (Кореяи Шимолӣ), дар даври нимфиналӣ аз Наоҳиса Такатои ҷопонӣ мағлуб гашт. Баъдан Сӯҳроб барои медали биринҷӣ аз Мӯҳриддин Тилавови ӯзбекистонӣ шикаст хӯрд ва мақоми панҷумро ишғол кард.

Варзишгари дигари тоҷик Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни — 73 кило пас аз ду пирӯзӣ бар Шатлук Ҷумъаниёзов (Туркманистон) ва Мирзоҳид Фармонов (Ӯзбекистон) дар даври сеюм аз Сайинҷиригала (Чин) мағлуб шуд. Хоҷазода муборизаро барои медал идома дод, вале аз Муҳаммад Муҳаммади Боримонлуи эронӣ шикаст хӯрда, дар натиҷа мақоми ҳафтумро касб намуд.

Ду намояндаи дигари Тоҷикистон  Хушқадам Хусравов ва Саидмухтор Расулов  дар даврҳои муқаддамотӣ ноком шуда, аз идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум гаштанд. Хусравов дар вазни — 66 кило дар нахустин қувваозмоияш бар Чун Синг Чуй (Гонконг) ғолиб омад, вале баъдан аз Бектур Рисмамбетови қирғиз шикаст хӯрд. Расулов дар вазни  -73 кило пас аз пирӯзӣ дар даври аввал бар Тити Кумпапани тайландӣ, дар даври баъдӣ аз Батгерел Баттсетсеги муғул мағлуб шуд.

Дар Чемпионати  Осиё оид ба дзюдо  дар ҳисоби умумидастаӣ дастаи мунтахаби Ҷопон бо касби 12 медал (8 медали тилло, як медали нуқра ва 3 биринҷӣ) дар ҷойи аввал аст. Дастаи мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ, ки 14 медал (3 медали тилло, 4 нуқра ва 7 биринҷӣ) ба даст овардааст, дар ҷойи дуюм қарор гирифтааст. Дастаи мунтахаби Муғулистон бо 9 медал (1 медали тилло, 3 нуқра ва 5 биринҷӣ) дар ҷойи сеюм мебошад. Мунтахаби Қазоқистон бо касби 7 медал (як медали тилло, 3 нуқра ва 3 биринҷӣ) ҷойи чорумро аз худ кардааст. Дастаи Тоҷикистон бо як медали тилло, инчунин ду ҷойи панҷум ва як ҷойи ҳафтум мақоми панҷумро соҳиб шудааст.

Соли гузашта дар мусобиқаи қаҳрамонии дзюдои Осиё, ки моҳи апрел дар пойтахти Ӯзбекистон баргузор шуда буд, паҳлавони тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар вазни -90 кило ҳамаи рақибонашро шикаст дод ва соҳиби медали тилло гардид. Зимнан, ӯ нахустин намояндаи Тоҷикистон аст, ки дар таърихи  дзюдои  тоҷик ба унвони қаҳрамони Осиё шарафёб шудааст.

Чемпионати  Осиё оид ба дзюдо-ин намуди олимпии варзиш аз соли 1966 доир мешавад ва варзишгарони тоҷик то кунун дар ин мусобиқоти қитъавӣ ҳамагӣ 15 медал-  2 тилло, 5 нуқра ва 8 биринҷӣ  ба даст овардаанд.

Май 29, 2017 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дастаи Амороти Муттаҳидаи Арабро мағлуб намуд
Беҳтаринҳои Лигаи футболи Тоҷикистон дар соли 2024 муайян ва соҳиби ҷоизаҳо шуданд
Дар Душанбе маросими ҷоизасупории Лигаи футболи Тоҷикистон-2024 баргузор мегардад
Федератсияи футболи Тоҷикистон кӯшиш дорад, ки дастаи мунтахаби «Помир»-и Бадахшон ба Лигаи дуюми футбол барояд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) ба машқҳои дастҷамъӣ ҷалб гардид
Устоди Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар Панҷакент дар мусобиқаи байналмилалӣ аз намуди пауэрлифтинг соҳиби медали тилло гардид
Ҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон Зоир Ҷӯрабоев дастаашро дар Суперлигаи Узбекистон иваз кард
Даҳ варзишгари беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2024 муайян гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Беларус бозии дӯстона баргузор мекунад
ФУТБОЛ. Дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Хуҷанд даврҳои таълимӣ аз рӯйи барномаи сертификати «С» идома доранд
Беҳтаринҳои Федератсияи байналмилалии гӯштингирӣ ва Федератсияи гӯштингирии Тоҷикистон муайян шуданд
Шоҳмотбоз аз Тоҷикистон Надежда Антонова дар чемпионати Осиё медали тилло ба даст овард