Конфронс: «Рушди илми муосир дар Тоҷикистон: назария ва амалия»

Май 3, 2017 10:37

ДУШАНБЕ, 03.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, 25-солагии Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли ҷавонон конфронси илмию амалии анъанавии устодон ва донишҷўён таҳти унвони «Рушди илми муосир дар Тоҷикистон: назария ва амалия» баргузор гардид.
Тавре аз Хадамоти матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хабар доданд, дар конфронс ректори Донишгоҳи мазкур Мумин Шарифзода перомуни роҳҳо ва усулҳои рушди илм дар донишгоҳ, пайвастани назария ва амалия, ҷалби бештари ҷавонон ба пажӯҳишҳои илмӣ ҳарф зад.
Конфронс кори худро дар 23 бахш идома дода, зиёда аз 170 маърўзаи илмии олимону мутахассисони соҳа, аспирантону донишҷўён роҷеъ ба масоили нақши Ваҳдати миллӣ дар тарбияи ҷавонон, истиқлолият ва самараҳои бебадали он, таъмини сулҳу субот, ташаббускории Тоҷикистон дар ҳалли муаммоҳои ҷаҳонӣ, муборизаи беамон бар зидди эктремизму терроризм, осори классикон дар ташаккули шахсият, нақши мактаби олӣ дар ташаккул ва рушди иқтисодиёти кишвар, мавқеи сармояи инсонӣ дар инкишофи иқтисодиёти муосир, низоми нави таҳсилот- омили пешрафти сифати таълим баррасӣ шуданд.

Май 3, 2017 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид