Корҳои таъмиру навсозӣ дар шоҳроҳи Исфара-Хуҷанд вусъати тоза мегиранд
ХУҶАНД, 04.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Як сол мешавад, ки таҷдиду навсозии шоҳроҳи мошингарди Исфара-Хуҷанд (Исфара-Конибодом–Хуҷанд-Ҷ.Расулов) идома дошта, пас аз ба истифодадиҳии он роҳи мазкур на танҳо барои рафту омади сокинони ин минтақа хизмат мекунад, ҳамчунин он Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҳамсоякишварҳо пайваст менамояд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» муҳандиси минтақавии роҳи мазкур Мавлон Умаров иттилоъ дод, имрӯзҳо аз 68 км роҳи таҷдидшавандаи ин шоҳроҳ корҳо дар ҳамаи минтақаҳо босуръат ҷараён дошта, мутахассисон барои босифат ба анҷом расонидани корҳо саъю талош доранд. Ҳоло барои анҷоми корҳои роҳсозӣ 450 нафар кормандон-мутахассисон, ки аз он 90 фисадашро мутахассисони маҳаллӣ ташкил медиҳанд ва 114 адад техникаҳои гуногунтамғаи роҳсозӣ ҷалб гардида, бо истифода аз ҳавои мусоиди баҳорӣ корҳои сохтмонӣ рӯз аз рӯз вусъат мегиранд.
Мувофиқи нақша бо фаро расидани ҳавои гармтар мутахассисон ба корҳои асфалтхобонӣ, бунёди фарши роҳ дар қитъаҳои роҳ оғоз хоҳанд намуд. То имрӯз аз ҷониби пудратчӣ дар тамоми минтақаҳо корҳои роҳсозӣ, чун кандани асфалти роҳ, сохтани таҳкурсиҳо, нав кардани қубурҳои обгузар ва оҳану бетонӣ, сохтмони пулҳо, корҳои бетонӣ дар канори роҳ ва дигар қисматҳои корҳои лоиҳавӣ ҷараён доранд.
Бунёди роҳи мазкур мутобиқ ба меъёрҳои сатҳи байналмилалии дараҷаи ду ба роҳ монда шуда, таҷдиду навсозии шоҳроҳи мазкур охири соли 2018 ба анҷом мерасад.








Донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор бо шароити хизмати сарбозон шинос шуданд
Муштарии ZET-MOBILE миллионер шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад






