Кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ соҳиби бинои замонавӣ мегарданд

Май 29, 2017 17:04

ХОРУҒ, 29.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Сохтмони бинои сеошёнаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ идома дорад. Бинокорон ошёнаи аввали онро ба итмом расонда, ба бунёди ошёнаи дуюм шурӯъ карданд. Сохтмони бинои мазкурро Корхонаи воҳиди давлатии сохтмону таъмири  Идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бар уҳда дорад ва дар марҳилаи аввал барои бунёди ин бино беш аз 8 миллион сомонӣ ҷудо гардидаст.

Корҳои сохтмонӣ дар бинои нави Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ як моҳ пеш оғоз шуданд ва шароити мусоиди корӣ имкон дод, ки бинокорон таҳкурсӣ ва ошёнаи аввали онро қариб ба итмом мерасонанд.

Муовини аввали раиси ноҳия Ҷаббор Қосим аз ҷараёни суръат ва сифати кор изҳори қаноатмандӣ намуда, афзуд, ки «ҳоло дар таъмини коргарон бо масолеҳи бинокорӣ ягон мушкил вуҷуд надорад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сифати кори бинокоронро назорат мекунад ва то ба ҳол ҳеҷ нуқсе дар корашон мушоҳида нашудааст».

Дар сохтмони ин бино коргарону мутахассисон аз манотиқи мухталифи кишвар саҳм мегузоранд, ки  теъдодашон  бештар аз 60 нафар мебошад. Барои бинокорон  шароити хуби корӣ муҳайё шудааст.

Коргарон ҳар моҳ бо маоши хуб таъмин буда, кӯшиш менамоянд бинои мазкурро бо риояи меъёрҳои ҷаҳонии сохтмон мавриди истифода қарор диҳанд. Ин бино аз  се ошёна иборат буда, утоқҳои барҳавои корӣ, маҷлисгоҳу долонҳои  васеъ дорад. Пас аз  муҳлати начандон дур кормандони Мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ ба бинои замонавӣ мекӯчанд ва бо истифода аз чунин шароити мусоид  дар пешрафти соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа саҳми бештари худро мегузоранд.

Илова бар ин бинои хуштарҳу замонавӣ симои маркази ноҳияро боз ҳам зебову диданӣ месозад.

 

 

Май 29, 2017 17:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид