Корвони ҷавонон: «Дӯст ояд, гарм дар оғӯш гир…»

Май 10, 2017 12:47

ДУШАНБЕ, 10.05.2017. /АМИТ «Ховар»/.  Бахшида ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Соли ҷавонон таҳти унвони «Дӯст ояд, гарм дар оғӯш гир» дар шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон «Корвони ҷавонон» ташкил карда шуд.

Тавре аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, корвон сафари аввалини худро аз деҳаи Эшонободи ҷамоати деҳоти «Гулистон»-и шаҳр оғоз кард. Ба ҳайати он кормандони ҷавон ва фаъоли корхонаҳо, хонандагони лаёқатманди муассисаҳои таълимӣ, гирандагони стипендияи Президентӣ ва  раиси шаҳр шомил буданд.

Бояд гуфт, ки корвони мазкур дар арафаи таҷлили ҷашни 20- солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Соли ҷавонон бо мақсади боло бурдани ҳисси ватандӯстӣ ва сулҳу ваҳдатхоҳии ҷавонон, шиносоӣ бо дастовардҳои якдигар, содиқ будан ба эътимоду эътиқоди Сарвари давлат таъсис дода шудааст.

Мавриди зикр аст, ки тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ин барнома рӯзҳои шанбеи ҳар ҳафта дар деҳаҳои ҷамоатҳои деҳоти «Ваҳдат», «Гулистон» ва маркази шаҳр гузаронида мешавад.

 

 

Май 10, 2017 12:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид