«Корвони ҷавонон» маърифати ҷавононро баланд мебарорад
ДУШАНБЕ, 09.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бохтар ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Соли ҷавонон дар ноҳия ҳамоиши иттилоотӣ-фарҳангии «Корвони ҷавонон» баргузор гардид.
Тавре аз бахши ҷавонон, вариш ва сайёҳии ноҳияи Бохтар хабар доданд, имрӯзҳо дар маҳаллаву деҳаҳои ҷамоатҳо мулоқоту вохӯриҳо бо ҷавонон ва падару модарон, барномаҳои фарҳангӣ, аксияҳои иттилоотӣ, намоиши дастовардҳои ҷавонон, ташкили «Корвони саломатӣ» ва мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ баргузор мегардад.
Мақсад аз ташкили «Корвони ҷавонон» дар арафаи таҷлили ҷашни 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Соли ҷавонон- ин баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ҷавонони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ва намоиш додани дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат мебошад.
Ҳайати гурӯҳи кории «Корвони ҷавонон» аз ҳисоби кормандони ташкилоту муассисаҳо ва ҷавонони фаъоли ноҳия, аз ҷумла бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, шуъбаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ, кор бо занон ва оила таъсис дода шудааст.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид






