«Корвони маърифат» — барномаҳои маърифатию иттилоотӣ дар шаҳри Норак

Май 2, 2017 17:27

НОРАК, 02.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади ба аҳолии шаҳри Норак расонидани мазмуну муҳтавои самтҳои асосии сиёсати иҷтимоӣ, дохилию хориҷии мамлакат ва вазифаҳое, ки аз Паёми навбатии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бармеоянд ва боло бурдани ҳисси ватандӯстӣ ва сулҳу ваҳдатхоҳии сокинони шаҳр, бахшида ба таҷлили ҷашни 20-солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ барномаҳои маърифатию иттилоотӣ таҳти унвони «Корвони маърифат», аз ҷумла ҳамоиши иттилоотӣ, бозиҳои варзишӣ,  маҳфили «Оилаҳои беҳтарин», «Корвони саломатӣ» ва    вохӯрию суҳбатҳо  дар шаҳри Норак бо иштироки  зиёда аз 150 нафар меҳмонон аз вилояти Хатлон баргузор шуданд.

Мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Норак  Парвина Исмоилова иброз намуд, ки  соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, Пешвои миллат баҳри рушди ин соҳа пайваста ғамхорӣ зоҳир менамояд. Дар доираи барномаҳо дар маҳаллаи  Лангари шаҳр «Корвони саломатӣ» бо иштироки  беҳтарин табибон  ва таҷҳизоти замонавӣ доир гардид, ки дар он зиёда аз 1000 нафар сокинон аз ташхиси тиббӣ газашта, варақаҳои табобатӣ гирифтанд.

 

 

Май 2, 2017 17:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид