«Либоси миллӣ-ҳусни миллат» — озмуни фарҳангию маърифатӣ
ДУШАНБЕ, 03.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади тарғиб ва муаррифии намудҳои гуногуни матоъ ва куртаҳои миллӣ, аз ҷумла, атлас ва адраси тоҷик аз ҷониби шуъбаи кор бо ҷавонони Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Соли ҷавонон дар донишкада озмуни фарҳангӣ- маърифатии «Либоси миллӣ- ҳусни миллат» баргузор гардид.
Дар озмун аз тарафи донишҷӯдухтарон ҳамаи намудҳои либосҳои миллӣ, аз ҷумла чакан, атласу адрас ва гулдӯзӣ намоиш дода шуд.
Муовини ректори донишкада оид ба корҳои тарбиявӣ, дотсент Баҳриддин Ҷабборов зикр кард, ки мақсад аз пӯшидани либоси миллӣ муаррифии фарҳангу ҳунар ва санъати волои мардуми тоҷик аст ва он аз аҷдодонамон ба мо мерос мондааст. «Дарвоқеъ, либоси миллӣ симо ва ҳусни миллат мебошад. Аз ин рӯ, эҳтиром гузоштан ба либоси миллӣ- ин эҳтиром гузоштан ба фарҳангу суннатҳои волои миллӣ мебошад. Моро месазад, ки бо либоси миллии худ ифтихор дошта бошем»,-иброз дошт Б. Ҷабборов.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд






