Марҳилаи ниҳоии мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯён оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 09.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Марҳилаи ниҳоии мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид, ки то 21 майи соли равон идома хоҳад ёфт.
Тавре аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, мусобиқаҳои мазкур бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ дар се марҳила баргузор карда мешавад.
Тибқи ҷадвали тасдиқгардида иштирокчиён аз намудҳои бокс, волейбол (байни мардон ва бонувон), гӯштини миллӣ, дзюдо, тарзи озод ва варзиши сабук байни ҳам рақобат менамоянд.
Имсол шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯрғонтеппа ва Кӯлоб макони баргузории рақобатҳо интихоб шудаанд.








Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд






