Миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ва Барномаи умумиҷаҳонии ғизои СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Май 8, 2017 16:33

ДУШАНБЕ, 08.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2017 маросими имзои Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи умумиҷаҳонии ғизои Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳамкорӣ дар самти омодагӣ, бартарафсозӣ ва коҳиши хатари офатҳои табиӣ, ҳамчунин мутобиқшавӣ ба тағйири иқлим баргузор шуд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, Ёддошти тафоҳумро Рустам Назарзода, Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Паоло Маттей, Директори Барномаи умумиҷаҳонии ғизои СММ дар Тоҷикистон имзо карданд.

Дар маросими имзои санади мазкур сафирони Федератсияи Россия ва Япония омодагӣ ва дастгирии ҳамешагии кишварҳои худро дар вақти сар задани ин ё он офати табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуда, зикр карданд, ки амалӣ шудани нақшаҳо тибқи Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи умумиҷаҳонии ғизои Созмони Милали Муттаҳид имкон медиҳад, ки маълумотнокии аҳолӣ дар бораи офатҳои табиӣ ва хавфи онҳо баланд бардошта шавад.

«Санади мазкур имкон медиҳад ҳамкорӣ дар самти таъмини омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ва вокуниш, коҳиши хатари офатҳо ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим барқарор ва густариш ёбанд. Мутобиқ ба ин Ёддошти тафоҳум ҷонибҳо ҳамкории дуҷониба, кор бар рӯйи эҷоди механизмҳои навоварона, низом ва равишҳо бо мақсади коҳиши хатар, идораи офатҳои табиӣ ва гуруснагиро тақвият мебахшанд»,-иброз дошт Умеда Юсупова, котиби матбуоти   Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Май 8, 2017 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид