Миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ва Барномаи умумиҷаҳонии ғизои СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 08.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2017 маросими имзои Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи умумиҷаҳонии ғизои Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳамкорӣ дар самти омодагӣ, бартарафсозӣ ва коҳиши хатари офатҳои табиӣ, ҳамчунин мутобиқшавӣ ба тағйири иқлим баргузор шуд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, Ёддошти тафоҳумро Рустам Назарзода, Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Паоло Маттей, Директори Барномаи умумиҷаҳонии ғизои СММ дар Тоҷикистон имзо карданд.
Дар маросими имзои санади мазкур сафирони Федератсияи Россия ва Япония омодагӣ ва дастгирии ҳамешагии кишварҳои худро дар вақти сар задани ин ё он офати табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуда, зикр карданд, ки амалӣ шудани нақшаҳо тибқи Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи умумиҷаҳонии ғизои Созмони Милали Муттаҳид имкон медиҳад, ки маълумотнокии аҳолӣ дар бораи офатҳои табиӣ ва хавфи онҳо баланд бардошта шавад.
«Санади мазкур имкон медиҳад ҳамкорӣ дар самти таъмини омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ва вокуниш, коҳиши хатари офатҳо ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим барқарор ва густариш ёбанд. Мутобиқ ба ин Ёддошти тафоҳум ҷонибҳо ҳамкории дуҷониба, кор бар рӯйи эҷоди механизмҳои навоварона, низом ва равишҳо бо мақсади коҳиши хатар, идораи офатҳои табиӣ ва гуруснагиро тақвият мебахшанд»,-иброз дошт Умеда Юсупова, котиби матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






