Муколамаи мустақими телевизионии Шодихон Ҷамшед оид ба роҳҳои ҷилавгирӣ аз офатҳои табиӣ
ХОРУҒ, 12.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Муколамаи телевизионии раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед бо масъули ташкилоти башардӯстонаи «Фокус» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳодӣ Ҳусайнӣ ба масъалаи фароҳам овардани шароити мусоид дар муҳити бехавф, сари вақт кӯчонидани одамон аз мавзеъҳои хатарнок ва тарзу усулҳои пешниҳоди кумаки башардӯстона ба зарардидагон бахшида шуд.
Шодихон Ҷамшед зимни суҳбати мустақими телевизионӣ изҳор намуд, ки ҳамагӣ се фоизи масоҳати замини вилоят ҳамвор аст ва 93 фоизи онро кӯҳсор ташкил медиҳад. Кишоварзон ҳамагӣ 12 ҳазор гектар замини кишт доранд. Аз ин рӯ сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳар як порча замини киштбобро ғанимат шумурда, манзили худро дар зери кӯҳдоманҳо месозанд ва дар мавсими боришот маҷбур мешаванд маҳали зисти худро тарк кунанд. Дар чанд соли охир бо кумаки ташкилоти башардӯстонаи «Фокус» дар баъзе аз маҳаллаҳои шаҳри Хоруғ саддҳои муҳофизатӣ бунёд шуданд, ки дар зимистони имсол даҳҳо манзилҳоро аз харобшавӣ наҷот доданд.
Намояндаи ташкилоти «Фокус» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳодӣ Ҳусайнӣ гуфт, ки ташкилоти онҳо аз соли 2006 иҷозати расмии фаъолият гирифт ва дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят оид ба муайян кардани мавзеъҳои хавфнок, васл кардани дастгоҳҳои огоҳкунанда корҳои зиёдро анҷом доданд.
Дар муколамаи телевизионӣ оид ба баланд бардоштани тахассус ва маҳорати касбии гурӯҳҳои наҷотдиҳанда, ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ кардани баҳогузорӣ ба офатҳои табиӣ, пешгӯии обу ҳаво ва амсоли инҳо мубодилаи афкор сурат гирифт.








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






