Муроҷиати Пешвои миллат ба омӯзгорон ва падару модарон: «Таваҷҷуҳи наврасонро барои аз бар намудани фанҳои дақиқ бештар ҷалб кунед!»

Май 12, 2017 10:55

ДУШАНБЕ, 12.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9 дар деҳаи Сангтӯдаи ноҳияи Данғара изҳор намуданд, ки бо назардошти он, ки дар деҳоти Сангтӯда дар даврони соҳибистиқлолӣ ду неругоҳи барқи обӣ  «Сангтӯда 1» ва «Сангтӯда 2» ба фаъолият оғоз намуданд, зарур аст, ки дар муассисаҳои таълимӣ ба раванди азхудкунии фанҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шавад, то ки минбаъд хатмкунандагони деҳот тавонанд ба муассисаҳои таҳсилоти олии соҳаи гидроэнергетика дар дохил ва хориҷи кишвар қабул шуда, баъди хатм ҳамчун мутахассисони баландихтисос дар пешрафту ободии диёри худ саҳм гузоранд.

Бино ба маълумоти Сарвари давлат, имрӯз дар ду неругоҳи воқеъ дар ҳудуди деҳоти Сангтӯда қариб 400 нафар сокинони маҳаллӣ ба  фаъолият машғуланд ва бо маоши аз якуним то чор ҳазор сомонӣ таъмин мебошанд.

Пешвои миллат бори дигар таъкид намуданд, ки масъулони соҳаи маориф ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба омода кардани кадрҳо бо ихтисосҳои техникиву технологӣ ҳарчи бештар эътибор диҳанд. Зеро тайи солҳои охир дар қаламрави кишварамон даҳҳо корхонаҳои бузурги саноативу неругоҳҳои барқи обӣ бунёд гардиданд ва барои ҳамаи онҳо мутахассисони сатҳи баланди техникӣ, аз ҷумла муҳандисону идоракунандагони таҷҳизоти муосири техникӣ ва энергетикҳои баландихтисос заруранд.

Президенти кишвар баён доштанд, ки хусусан соҳаи энергетикаи мамлакат имрӯз ба кадрҳои замонавӣ эҳтиёҷи зиёд дорад.

Вобаста ба ин, Пешвои миллат ба устодону омӯзгорон ва падару модарон муроҷиат намуданд, ки таваҷҷуҳи наврасонро барои аз бар намудани фанҳои дақиқ, забонҳои хориҷӣ ва омӯзиши технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бештар ҷалб кунанд ва ба ташаккули ҷаҳонбинии фарзандон эътибори ҷиддӣ дода, онҳоро дар рӯҳияи донишомӯзиву заҳматдӯстӣ тарбия намоянд.

Май 12, 2017 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид