Муроҷиати Пешвои миллат ба омӯзгорон ва падару модарон: «Таваҷҷуҳи наврасонро барои аз бар намудани фанҳои дақиқ бештар ҷалб кунед!»
ДУШАНБЕ, 12.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9 дар деҳаи Сангтӯдаи ноҳияи Данғара изҳор намуданд, ки бо назардошти он, ки дар деҳоти Сангтӯда дар даврони соҳибистиқлолӣ ду неругоҳи барқи обӣ «Сангтӯда 1» ва «Сангтӯда 2» ба фаъолият оғоз намуданд, зарур аст, ки дар муассисаҳои таълимӣ ба раванди азхудкунии фанҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шавад, то ки минбаъд хатмкунандагони деҳот тавонанд ба муассисаҳои таҳсилоти олии соҳаи гидроэнергетика дар дохил ва хориҷи кишвар қабул шуда, баъди хатм ҳамчун мутахассисони баландихтисос дар пешрафту ободии диёри худ саҳм гузоранд.
Бино ба маълумоти Сарвари давлат, имрӯз дар ду неругоҳи воқеъ дар ҳудуди деҳоти Сангтӯда қариб 400 нафар сокинони маҳаллӣ ба фаъолият машғуланд ва бо маоши аз якуним то чор ҳазор сомонӣ таъмин мебошанд.
Пешвои миллат бори дигар таъкид намуданд, ки масъулони соҳаи маориф ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба омода кардани кадрҳо бо ихтисосҳои техникиву технологӣ ҳарчи бештар эътибор диҳанд. Зеро тайи солҳои охир дар қаламрави кишварамон даҳҳо корхонаҳои бузурги саноативу неругоҳҳои барқи обӣ бунёд гардиданд ва барои ҳамаи онҳо мутахассисони сатҳи баланди техникӣ, аз ҷумла муҳандисону идоракунандагони таҷҳизоти муосири техникӣ ва энергетикҳои баландихтисос заруранд.
Президенти кишвар баён доштанд, ки хусусан соҳаи энергетикаи мамлакат имрӯз ба кадрҳои замонавӣ эҳтиёҷи зиёд дорад.
Вобаста ба ин, Пешвои миллат ба устодону омӯзгорон ва падару модарон муроҷиат намуданд, ки таваҷҷуҳи наврасонро барои аз бар намудани фанҳои дақиқ, забонҳои хориҷӣ ва омӯзиши технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бештар ҷалб кунанд ва ба ташаккули ҷаҳонбинии фарзандон эътибори ҷиддӣ дода, онҳоро дар рӯҳияи донишомӯзиву заҳматдӯстӣ тарбия намоянд.








ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
То 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст






