Мусобиқаи ҳарбӣ-ватандӯстӣ миёни донишҷӯён оғоз гардид

Май 26, 2017 12:00

ДУШАНБЕ, 26.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Соли ҷавонон дар варзишгоҳи «Спитамен»-и Вазорати корҳои дохилӣ мусобиқаи маҳорати варзишӣ ва ҳарбӣ-ватандӯстӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии кишвар оғоз шуд.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар мусобиқа зиёда аз 300 нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ иштирок намуда, зӯру тавони худро аз рӯйи 10 намуди варзиш месанҷанд.

Мусобиқа давоми рӯз идома ёфта, донишҷӯён аз рӯйи намудҳои ба қисмҳо ҷудо ва ҷамъ намудани автомати Калашников, ҳаво додани норинҷак, давидан ба масофаи  100 метр, турниккашӣ, ҷаҳидан ба дарозӣ, бандкашӣ, сангбардорӣ аз рӯйи вазни 24 кг ва эстафетаи даставӣ сабқат мекунанд.

Мақсад аз баргузории ин гуна мусобиқаҳо- тарғиби сиёсати давлатии ҷавонон дар байни донишҷӯён ва тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ, омода шудан ба ҳимояи марзу буми кишвар, таблиғи тарзи ҳаёти солим, нафрат ба нашъамандӣ ва дигар ҳолатҳои номатлуб, пешгирии гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳо ва равияҳои динӣ-экстремистӣ ва бунёдгаро мебошад.

 

Май 26, 2017 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Саидмуъмини Шарифзод Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Рӯдакиро соҳиб гардид
Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд
БОЗИҲОИ 4-УМИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Пойтахти Сенегал – шаҳри Дакар бозиҳоро мизбонӣ мекунад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ҶУДО-2026. Боку мизбони мусобиқаи муҳими давраи нави олимпӣ мешавад
CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад