Мусодираи 20 баста маводи нашъадори навъи ҳашиш дар ноҳияи Панҷ
ДУШАНБЕ, 25.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Шаби 20 ба 21 майи соли равон аз ҷониби кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ шаҳрвандон Абдуқаюм Қурбонов, соли таваллудаш 1978, сокини ноҳияи Панҷ, ҷамоати шаҳраки Панҷ, Аъзамшо Пирумшоев, соли таваллудаш 1982 ва Абдуҷаббор Шодмонов, соли таваллудаш 1974, сокинони ноҳияи Панҷ, кӯчаи О. Ҳайдарова бо ҷурми даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дастгир гардиданд.
Тавре аз Хадамоти гумрук хабар доданд, маълум гардид, ки ба онҳо бо маслиҳати пешакӣ шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо номи «Фаррух», бо тахаллуси «Хаттаб» аз сарҳади Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар минтақаи ноҳияи Панҷ як халта бо 20 адад бастаҳои полиэтилении дорои моддаи монанд ба маводи нашъаоварро бар ивази маблағи пулии муайян додааст, ки дар натиҷа аз ҷониби кормандони гумрук дарёфт ва мусодира гардид.
Мувофиқи санади Шуъбаи ташхиси криминалистии РВКД — и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон маводи мусодирашуда маводи нашъадори навъи ҳашиш буда, вазни умумии он 19 килограмму 150 граммро ташкил медиҳад.
Оид ба ҳолати мазкур нисбат ба шаҳрвандон Абдуқаюм Қурбонов, Аъзамшо Пирумшоев ва Абдуҷаббор Шодмонов ва дигарон бо моддаҳои 36 қисми 5, 289 қисми 2 ва 200 қисми 4 банди «д» — и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, дар тафтишоти Раёсати тафтишотии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.








14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад
Дар Бадахшон ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор шуд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?






