Нишонаҳои тобистон дар моҳи май: ҳарорати ҳаво дар аксари навоҳӣ ба 40 дараҷа мерасад

Май 12, 2017 10:40

ДУШАНБЕ, 12.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Аз 12 то 15 майи соли 2017 дар ҷумҳурӣ ҳавои гарму тафсон дар назар дошта шудааст. Дар ин рӯзҳо ҳарорати ҳаво дар аксари навоҳӣ ба 40 дараҷа мерасад.

Имрӯз, 12 май дар тамоми кишвар ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, гармии аз ҳама баланд дар вилояти Хатлон- то 39 дараҷа дар назар дошта шудааст

Тибқи маълумоти Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон, имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе 34-36 дараҷа гарм мешавад. Дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорат ба 23-28 дараҷа мерасад.

Дар вилояти Суғд дар водиҳо 32-37 ва дар доманакӯҳҳо 22-27 дараҷа гармӣ дар назар дошта шудааст. Дар вилояти Хатлон  дар водиҳо 34-39 ва дар минтақаҳои наздикӯҳӣ 27-32 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои тобеи марказ  ҳарорат дар водиҳо ба 31-36 ва дар доманакӯҳҳо ба 26-31 дараҷа мерасад.

Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандонро хабардор мекунад, ки дар ин рўзҳо зимни гузаштан аз роҳҳои кўҳӣ эҳтиёткор бошанд. Дар вақти гармии шадиди офтоб аз соати 13:00 то 16:00 бидуни зарурат ба кӯча набароянд. Барои ҳимоя аз гумшавии оби бадан зарур аст, ки дар як рӯз аз 1,5 то 3 литр об нӯшанд. Дар гармо бояд ба кӯдакон бештар таваҷҷуҳ кард, зеро бадани кӯдакон ба гармӣ назар ба калонсолон хеле ҳассос аст.

Ҳамчунин шаҳрвандонро зарур аст, ки ҳангоми истироҳат ва оббозӣ бояд хеле эҳтиёткор бошанд ва қоидаҳои бехатариро дар наздикии дарёҳо, ҷӯйборҳо ва ҳавзу обанборҳо ҳатман риоя кунанд.

Жара+++ (4)Жара+++ (3)

 

 

 

 

 

Май 12, 2017 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид