Нишонаҳои тобистон дар моҳи май: ҳарорати ҳаво дар аксари навоҳӣ ба 40 дараҷа мерасад
ДУШАНБЕ, 12.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Аз 12 то 15 майи соли 2017 дар ҷумҳурӣ ҳавои гарму тафсон дар назар дошта шудааст. Дар ин рӯзҳо ҳарорати ҳаво дар аксари навоҳӣ ба 40 дараҷа мерасад.
Имрӯз, 12 май дар тамоми кишвар ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, гармии аз ҳама баланд дар вилояти Хатлон- то 39 дараҷа дар назар дошта шудааст
Тибқи маълумоти Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон, имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе 34-36 дараҷа гарм мешавад. Дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорат ба 23-28 дараҷа мерасад.
Дар вилояти Суғд дар водиҳо 32-37 ва дар доманакӯҳҳо 22-27 дараҷа гармӣ дар назар дошта шудааст. Дар вилояти Хатлон дар водиҳо 34-39 ва дар минтақаҳои наздикӯҳӣ 27-32 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳарорат дар водиҳо ба 31-36 ва дар доманакӯҳҳо ба 26-31 дараҷа мерасад.
Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандонро хабардор мекунад, ки дар ин рўзҳо зимни гузаштан аз роҳҳои кўҳӣ эҳтиёткор бошанд. Дар вақти гармии шадиди офтоб аз соати 13:00 то 16:00 бидуни зарурат ба кӯча набароянд. Барои ҳимоя аз гумшавии оби бадан зарур аст, ки дар як рӯз аз 1,5 то 3 литр об нӯшанд. Дар гармо бояд ба кӯдакон бештар таваҷҷуҳ кард, зеро бадани кӯдакон ба гармӣ назар ба калонсолон хеле ҳассос аст.
Ҳамчунин шаҳрвандонро зарур аст, ки ҳангоми истироҳат ва оббозӣ бояд хеле эҳтиёткор бошанд ва қоидаҳои бехатариро дар наздикии дарёҳо, ҷӯйборҳо ва ҳавзу обанборҳо ҳатман риоя кунанд.










Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






