Ғолиби даври ниҳоии озмуни вилоятии «Беҳтарин роҳбари созмони хонандагон» ба озмуни ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт

Май 2, 2017 17:26

ХОРУҒ, 02.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази эҷодии кӯдакону наврасони шаҳри Хоруғ бо ширкати 8 нафар аз намояндагони марказҳои эҷодии кӯдакону наврасони шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  даври ниҳоии озмуни «Беҳтарин роҳбари созмони хонандагон» баргузор шуд. Ин озмун ҳамасола бо ибтикори Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ доир мегардад ва  омӯзгорон аз 7 намуди шарт байни худ рақобат мекунанд. Мушовири созмони хонандагони вилоят Ҳусния  Элназарова гуфт, ки «ҳадафи асосии озмун баланд бардоштани сатҳи дониш, малакаву маҳорати эҷодкории роҳбарони маҳфилҳо мебошад. Омӯзгороне, ки  ҷараёни дарсро бо усули кӯҳна ва танҳо аз рӯи китобҳои дарсӣ доир намуда, аз истифодаи асбобу анҷом ва адабиёти иловагӣ истифода намебаранд, ҳеҷ гоҳ дар касби худ муваффақ намешаванд. Баръакс, ба ташаккули тафаккури хонандагон монеа эҷод мекунанд. Мақсади озмун пайдо кардани омӯзгорони ташаббускор, навовар, забондон ва огоҳ аз таърихи кишвару арзишҳои миллии он мебошад. Ва яке аз дигар мақсадҳои муҳим- ин ташвиқу паҳн кардани таҷрибаи ғолибони озмун аст».

Дар озмуни имсолаи «Беҳтарин роҳбари созмони хонандагон» корманди Маркази эҷодии кӯдакону наврасони шаҳри Хоруғ Фотима Бахтиёрова пирӯзӣ ба даст оварда, ба озмуни ҷумҳуриявӣ, ки дар пойтахти кишвар- шаҳри Душанбе баргузор мешавад, роҳхат гирифт.

Май 2, 2017 17:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид