Омӯзиши тарзи истифодаи дурусти журналистикаи чандрасонаӣ ба журналистони ҷавон
ДУШАНБЕ,18.05.2017/АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон» ба курси омӯзишӣ дар мавзӯи «Чандрасонаӣ дар ВАО-и муосир» оғоз кард. Ба ин ҳамоиши омӯзишӣ кормандони эҷодии шабакаҳои телевизионӣ, нашрияҳо, оҷонсиҳои иттилоотии кишвар ҷалб гардиданд. Тӯли 5 рӯз тренерони соҳибтаҷриба Хилватшоҳи Маҳмуд ва Маҳпора Киромова ба рӯзноманигорони ҷавон тарзи истифодаи дурусти журналистикаи чандрасонаиро ба таври назариявӣ ва амалӣ меомӯзонанд.
Семинари мазкур аз 15 то 19 май гузаронида мешавад.
Аз Муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки баъд аз анҷоми курси омӯзишӣ ба иштирокчиён шаҳодатнома супорида мешавад.
Бояд тазаккур дод, ки Муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» 1 марти соли 2016 ба фаъолият оғоз карда, ҳадафи он такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони ВАО-и кишвар аст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд






