Ҳошим Гадо-«Рӯдакӣ», «Сино» ва «Суҳроб»-и саҳнаи тоҷик аст!
ДУШАНБЕ, 10.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ба зодрӯзи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, Ҳунарпешаи халқии СССР, дорандаи Чоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ ва Ҷоизаи давлатии СССР Ҳошим Гадо 80 сол пур шуд. Ба ин муносибат имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунарманди маъруфи тоҷик Ҳошим Гадоро ба ҳузур пазируфта, ӯро бо ин санаи муборак табрик намуданд ва ба ӯ шаҳодатнома ва нишони унвони ифтихории «Арбоби ҳунари Тоҷикистон»-ро эъто намуданд.
Ҳошим Гадо устоди садҳо ҳунарманди маъруфи саҳнаи тоҷик тӯли фаъолияти зиёда аз 55-солаи худ дар театр ва кино беш аз 100 нақш офарида, беш аз 40 намоиши хурду калонро ба саҳна гузоштаапст ва муаллифи чандин китобу мақолаҳо мебошад.
Ҳошим Гадо дар як мусоҳибааш бо Талъат Нигорӣ, рӯзноманигори варзидаи тоҷик сабаби ҳунарманди театру кино шуданашро чунин шарҳ додааст: «Овони кӯдакиву навҷавонӣ мехостам дастгоҳи парроне бисозам, ки падарамро аз майдони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ биёварад. Падарам, шукр, сандуқи сина пури ордену медал аз ҷанг баргаштанд. Орзуи марди ҷангӣ будану либоси ҳарбӣ пӯшиданро доштам. Ҳаваси парвоз ба дигар сайёраҳоро мекардам. Аммо ҳунарпеша шуданро боре ҳам дар хаёлам напарварида будам- то рӯзе, ки Бляхер ном корманди Вазорати маданияти Тоҷикистон аз Сталинобод ба шаҳри Кӯлоб бо мақсади интихоби ҷавонон барои таҳсил дар Москва омаду тақдирамро ба куллӣ дигар кард. Дар Сталинобод аз имтиҳони раиси комиссияи Москва Виктория Островская гузаштам. Дар Донишгоҳи давлатии санъати театрии Москва устодон Олга Ивановна Пижова, Борис Владимирович Бибиков, Нина Викторовна Чефранова, Михаил Петрович Чистяков дар сафи дигар фиристодагони Тоҷикистон маро низ хуш қабул намуданд, имтиҳон карданд ва панҷ соли таҳсил заҳмати тарбияамро кашиданд. Онҳо ҳамзамон ба ман дарси одамияту накӯкорӣ, садоқату масъулият ва фидокорӣ омӯхтанд.
Ҳунарпешаҳои маъруфи Театри давлатии академии драмаи ба номи Абулқосими Лоҳутӣ Муҳаммадҷон Қосимов, Аслиддин Бурҳонов, София Тӯйбоева, Туҳфа Фозилова, Миркарим Саидов, Адҳам Сулаймонов…- ҳар яке бо намоиши ҳунари худ, маслиҳате, кумаке барои банда ҳаққи устодӣ доранд.
Беҳтарин ҳунарпешаҳои театрҳои Москва, ки нақшофариҳояшон мафтунам кардаву дарсе бароям шудаанд, муаллимони мананд. Аз ҳамаи онҳо сипосгузорам, хотираи некашонро пос медорам.
Муаллими бузурги ман Офтоб аст, ки ҳар рӯз ба Замину одамон хидмат мекунад, худ сӯхтаву ҳаёт мебахшад. Ман бачаи ӯ, офтобам, офтоби хурдакакам, ки худ сӯхтаву дигаронро равшанӣ мебахшам, зеро ҳунармандам ва рисолатам ҳамин аст: сӯхтан ва ба дигарон равшанӣ бахшидан».
Ҳошим Гадо баъди хатми Донишгоҳи давлатии санъати театрии ба номи Луначарскийи шаҳри Москва (ГИТИС) фаъолияти кориашро аз Театри ба номи Пушкини шаҳри Хуҷанд оғоз менамояд. Чандин асарро ба саҳна гузошта, ҳамчун коргардон баҳо мегирад. Дертар асарҳои Чехов ва Пушкинро ба саҳна монда, ҳунарманди умедбахш будани худро собит месозад. «Интихоби домод», «Иҷоранишин» ва дигар офаридаҳояш сайқал ёфта, ӯро ба фатҳи қуллаҳои баланди ҳунар раҳнамун месозанд. Офаридани нақши мураккаби Хлестаков дар намоиши «Муфаттиш»-и Гогол, нақшҳои асосӣ дар «Ҳамлет»-и Шекспир, «Эдип»-и Софокл, нақши Сино дар «Ҷавонии Сино», Фердинанд дар «Макр ва муҳаббат»-и Шиллер, Наср дар «Рӯдакӣ»-и Сотим Улуғзода, Афросиёб дар «Бежан ва Манижа»-и Фирдавсӣ, Иброҳимбек дар асари «Тӯфон»-и Ғанӣ Абдулло, Шоҳзода Мирзо Абдулатиф дар «Ситораи Улуғбек» ва дигар нақшҳои хотирмон устоди ҳунар будани Ҳошимро собит намудаанд.
Ҳошим Гадо вақте ҳамчун таҳиягар намоишномаи «Эдип» — и Софоклро рӯйи саҳнаи тоҷик овард ва худ дар он нақши асосиро бозид, он инқилобе дар дунёи фарҳанги кишвар гардид.
Дар ҳақиқат Рӯдакӣ, Суҳроб, Сино, Фердинанд, Ҳамлет, Эдип ва дигар образҳои офаридаи Ҳошим Гадо ва нахустнамоиши спектакли «Эдип» дар театри навтаъсиси «Дӯстии халқҳо» — и шаҳри Москва ӯро шуҳраи офоқ гардонд.
Мунаққид ва нависандаи машҳури рус Александр Маркин пас аз тамошои ин спектакл чунин гуфтааст: «На дар Россия, на дар Аврупо нақши Эдипро, тавре ки Ҳошим Гадоев бозид, касе набозидааст. Дар офаридани нақшҳои классикӣ дар дунё танҳо англисҳо метавонанд ба Ҳ. Гадоев ҳампоя бошанд».
Мунаққид А. Фелдман ба ҳунари ҳамсабақи даврони донишҷӯияш баҳо дода, чунин мегӯяд: «Агар устоди мо Олга Ивановна Пижова зинда мебуд, ифтихор мекард бо шогирди муваффақаш Ҳошим Гадо, Ҳошиме, ки доим китоби «Ҳамлет» дар бағал дар долонҳои донишгоҳ гашта, дар рушди театри шӯравӣ чӣ саҳме гузоштааст».
«Эдипро ҳаждаҳ маротиба дида будам. Барои аз ҷашни театри тоҷик бенасиб намондан ба Москва рафтам ва бори дигар ангушти ҳайрат газидам. Ҳошим Гадо барои рӯи саҳна омадани ин асари оламшумул 22 сол бори ранҷу ғам кашида, аз имтиёзҳои ҳастӣ маҳрум шуда, ба дигарон фараҳмандӣ бахшидааст. Шукри Ҳошим барин ҳунармандони бузург, ки санъати қадимии тоҷикро зинда медоранд» — мегӯяд санъатшиноси тоҷик Лола Ҳасанова.
Соро Эшонтӯраева, ҳунарманди маъруфи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҳунарпешаи халқии СССР пас аз тамошои «Эдип» гуфтааст: «Ман дар бисёр театрҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар МХАТ Михаил Чеховро, дар Театри хурди Москва Остужевро, ҳамчунин дар Англия актёрони машҳурро бо шавқ тамошо кардаам. Вале ҳеҷ гоҳ чун имрӯза, ки аз тамошои «Эдип» ба ваҷд омадам, мутаассир нагашта будам. Ман чун санъаткор дар назди маҳорати Ҳошим Гадоев сар фуруд меорам».
Маҳорати воло, қомати баланд, ҷуссаи таҳамтан, чусту чолокии ин ҳунарманд ӯро дар санъати кино низ аз чеҳраҳои муваффақу нотакрор намудааст. Нақши Суҳроб аз филми таҳиягари барҷастаи тоҷик Борис Кимёгаров «Рустам ва Суҳроб» (соли 1979) аз «Шоҳнома» — и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ намунае аз он аст. Дар ин филм Б. Кимёгаров бисёр ҳунармандони хушсалиқаро гирд овард, аммо нақши Суҳроби Ҳошим Гадо ва нақши Рустам дар иҷрои актёри боистеъдоди гурҷӣ Бимболат Ватаев беназир ва метавон гуфт, қуллаи эҷодии ин ду ҳунарманд буд. Беш аз 40 сол мешавад, ки филми мазкурро дар кинотеатрҳои кишварҳои дунё намоиш медиҳанд.
Киношиноси машҳури Чехия Ирина Элияшева менависад:
«Суҳроби азизи ман, Ҳошим! Ман шуморо садҳо маротиба тамошо карда, сер нашудаам. Бисёр ситорагони тобони ҷаҳон дар нисбати шумо камнуранд. Суҳроб маҷмӯи зебоиҳост. Ҳазор сол, ки бизиӣ, чунин зебоиро намебинӣ».
Ҳошим Гадо бо киностудияҳои хориҷӣ низ ҳамкории фаъол дошт. Аз ҷумла, «Мосфилм», «Беларусфилм», «Озарбойҷонфилм», студияи синамои Марокаш ӯро барои нақшофарӣ дар филмҳояшон даъват кардаанд. Мегӯянд, ки пас аз ҳунарнамоии воло дар филми озарии «Шуълаи хомӯшшудаи гулханҳо» тамошобинони сипосгузор дар қарибии шаҳри Боку ба чашмае номи Ҳошим Гадоро мондаанд…
Адиби маъруфи тоҷик Сотим Улуғзода дар хотираҳояш навиштааст: «Ҳангоми тамошои спектакли «Ҷавонии Сино» бори аввал фаромӯш кардаам, ки он асари ман аст ва дар саҳна Ҳошим Гадо нақши Синоро мебозад».
Профессори Полша Александр Пахо баъди дидани спектакли «Макр ва муҳаббат» мегӯяд: «Агар дар Полша аз ман бипурсанд, ки аз Тоҷикистон чӣ хотира овардӣ, ман ҳатман аз нақши Фердинанди Ҳошим Гадо ҳикоят хоҳам кард».
Адиби бошқирд Мустай Карим менависад: «Ман асари худ «Шаби гирифтани моҳ» — ро аз саҳнаҳои бисёр театрҳо тамошо кардаам. Аммо образи Девона, ки Ҳошим Гадо офаридааст, аз беҳтаринҳост».
Соли 1999 ба ифтихори 1100 — солагии Давлати Сомониён, ки ба ҷашни бузурги умумихалқӣ табдил ёфт, дар Варзишгоҳи ҷумҳуриявӣ дар ҳузури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳазорҳо тамошобинон Ҳошим Гадо нақши шоҳ Исмоили Сомониро бозид ва соли 2008 ба шарафи 1150 — солагии асосгузори адабиёти классикии тоҷику форс Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ спектакли Сотим Улуғзода «Рӯдакӣ» — ро ба саҳна гузошт, ки сазовори баҳои баланд гардид.
Равшани Махсумзод, нависандаи тоҷик дар як мақолааш дар бораи ин ҳунарманди асил менигорад: «Ҳошим Гадоро ҳар кас ба тарзи худ мешиносад, ба ҳунари нотакрораш, хӯю хислати хосааш баҳои гуногун медиҳанд. Аммо ҳеҷ кас, ҳеҷ як санъатшиносу мунаққиди соҳаи театр ва олиму донишманд мисли нақшҳои дар саҳна офаридааш ӯро воқеъбинона, мӯшикофона ва беғаразона ба мо шинос карда наметавонад. Буду шуд ва дороиву нодории Ҳошим Гадо дар саҳна аст. Ва ман борҳо итминон ҳосил кардаам, ки худи устод Ҳошим Гадо низ зиндагии хешро берун аз саҳна тасаввур карда наметавонад. Аз ин ҷост, ки вақте оид ба ҳунари ӯ, ҷонбозиҳояш дар саҳна гап мезананд, ба ваҷд меояд, мисли кӯдак шодӣ мекунад, вале агар дар бораи гирифтумонаш, рафтору гуфтораш берун аз саҳна ҳар чизе бигӯянд, писханде мезанаду дунболи кори хеш меравад…»
«Боре дар Марокаш, ки он ҷо барои бозидани нақше дар як филм рафта будам, хабарнигоре аз ман пурсид: «Агар ҳунарпеша намешудед, кӣ мешудед?» Гуфтам: «Деҳқон». Ва ман деҳқонам, ки бояд кишт кунам. Корҳои хайр бояд бикорам, ҳоло ки зиндаам, бикорам. Аз ин сабаб ман китоб менависам… Муҳим бо фалсафаи неку нексозӣ, ободсозӣ зистан аст. Имрӯз чӣ мехоҳам? Пойдории сулҳро дар ҷаҳон мехоҳам. Зеро бе сулҳ ободӣ нест, зиндагӣ нест. Санъату ҳунар, маданият танҳо дар шароити сулҳ шукуфо мешаванд…»,- мегӯяд Ҳошим Гадо.
Рухсораи НУР