Дар намоишгоҳи байналмилалии Пекин нигораҳои нодири Тоҷикистонро беш аз 1 миллион нафар тамошо намуданд

Ноябрь 28, 2025 17:20

ДУШАНБЕ, 28.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, аз 27 август то 15 ноябр дар Осорхонаи миллии Чин дар шаҳри Пекин таҳти унвони «Мероси фарҳангии осорхонаҳои миллии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай» намоиши байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар он  аз Тоҷикистон 24 нигораи нодир ба маърази тамошо гузошта шуд.

Тавре аз Осохонаи миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ин муддат  тибқи маълумоти омории масъулини Осорхонаи миллии Чин, осори антиқаи халқи тоҷикро беш аз 1 миллиону 400 ҳазор нафар тамошо намудаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки нигораҳо фарогири асрҳои V–IV то мелод то асри XX буданд.

Қадимтарин нигораи гӯшаи Тоҷикистон ҷузъи тахти шоҳӣ дар шакли сари гӯсфанди кӯҳӣ буд, ки аз Исфарасойи шаҳри Конибодом ёфт шуда, ба асри V то мелод тааллуқ дорад.

Ёдгории Панҷакенти Қадим (асрҳои V–VII мелодӣ), ки дар ҷаҳон ҳамчун «Помпейи Шарқ» маъруф мебошад, аз муҳр ва санге бо катибаи суғдӣ иборат аст. Кӯзаву зарфҳои сафолӣ ва мисӣ бо катибаҳо аз авҷи аълои ҳунарҳои мардумӣ дар «асри тиллоӣ» — давраи Сомониён (асрҳои IX–X мелодӣ) дарак медиҳанд. Ҳамчунин дар намоиш намунаҳои ашёи мисӣ, аз қабили кӯза ва дастшӯйҳо бо тасвирҳои оҳу ба маърази тамошо гузошта шудаанд.

Намунаҳои асбоби мусиқӣ, ки дар ин намоиш пешниҳод гардида буданд, бозгӯи маҳорати баланди санъати мусиқии тоҷикон мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки намоиши «Мероси фарҳангии осорхонаҳои миллии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай», ки дар шаҳри Пекин доир гардид, ба густариши мубодилаи фарҳангӣ байни Тоҷикистон ва кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мусоидат намуд. Он дар шинохти таъриху фарҳанги бисёрҳазорсолаи миллати тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ нақши назаррас дорад.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

 

 

Ноябрь 28, 2025 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд