Қотили Гулнораи тиллофурӯш бо ҳукми Суди шаҳри Душанбе 28 сол аз озодӣ маҳрум гардид

Май 30, 2017 11:21

ДУШАНБЕ, 30.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Қотили Гулнора Насирова, зани 52-солаи тиллофурӯш бо ҳукми Суди шаҳри Душанбе барои одамкушӣ, ғайриқонунӣ ронда бурдани мошин, тасарруфи молу мулк ва роҳзанӣ ба муҳлати 28 сол аз озодӣ маҳрум гардид.
Парвандаи ҷиноятӣ таҳти раисии муовини Раиси Суди шаҳри Душанбе Асомуддин Бобохонзода баррасӣ гардид.
Муайян шуд, ки Хушвахт Олимови 23-сола, зодаи ноҳияи Восеъ, донишҷӯи бахши 4-уми факултаи варзиши Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, роҳи донишомўзиро пеша накарда, бо мақсади ғаразнок, яъне ба даст овардани молу мулки ғайр ба миқдори калон ҷиноятҳои махсусан вазнин- одамкушӣ ва роҳзаниро содир намудааст.
Х. Олимов 2 марти соли 2017, тахминан соатҳои 07.00 бо худ корди хочагӣ гирифта, ба назди бинои №85/1, кӯчаи ба номи Н. Махсум ҳозир шуда, дар назди даромадгоҳи аввали бино дар паси дарахт меистад ва баромадани Гулнора Насироваро мунтазир мешавад.
Тахминан соатҳои 07:50 Г. Насирова ҳамроҳи хизматгорзанаш Т. Буриева аз манзили зисташ бо ҷомадонҳои тилловорӣ баромада, онҳоро ба бағоҷи мошинаш, тамғаи «Лексус RX-350», рақами қайди давлатиаш 88-81 АР 01, ки дар саҳни ҳавлии бино қарор дошт, мегузоранд. Номбурда боз ба хонааш рафта, лаҳзае пас худаш танҳо омада, ба мошин нишаста, онро ба кор медарорад ва мунтазири гарм шудани он мешавад.
Суди шахри Душанбе-29-05-2017 (5)Дар ҳамин вақт Х. Олимов бо мақсади сабт нашудани чеҳрааш дар наворҳои камераҳои мушоҳидавӣ, кулоҳи либоси варзишии худро ба сараш кашида, аз камингоҳи худ ба сӯи мошини Г. Насирова босуръат ҳаракат мекунад. Ў дари пеши мошини Г. Насироваро кушода, ба нишастгоҳи паҳлӯи ронанда мешинад ва бо бераҳмии махсус ба узвҳои ҳаётан муҳими ў 14 зарбаи марговар мезанад, ки дар натиҷа Г. Насирова ба ҳалокат мерасад.
Х. Олимов тани беҷони номбурдаро ба нишастгоҳи паҳлӯи ронанда рӯ ба поён гузошта, худ ба ҷойи ронанда нишаста, мошинро ба самти деҳаи Дурманбулоқи ҷамоати Лучоби ноҳияи Варзоб меронад.
Қотил аз дохили мошин телефони мобилии тамғаи «Iphone-6s» бо арзиши 4950 сомонӣ ва 954 адад маснуоти заргарии тиллоиро ба миқдори махсусан калон тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ба шаҳри Душанбе бармегардад.
Х. Олимов маснуоти ба даст овардаашро 2 ва 3 март ба бозори “Корвон” бурда, фурӯхтааст.

Май 30, 2017 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид