Қотили Гулнораи тиллофурӯш бо ҳукми Суди шаҳри Душанбе 28 сол аз озодӣ маҳрум гардид
ДУШАНБЕ, 30.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Қотили Гулнора Насирова, зани 52-солаи тиллофурӯш бо ҳукми Суди шаҳри Душанбе барои одамкушӣ, ғайриқонунӣ ронда бурдани мошин, тасарруфи молу мулк ва роҳзанӣ ба муҳлати 28 сол аз озодӣ маҳрум гардид.
Парвандаи ҷиноятӣ таҳти раисии муовини Раиси Суди шаҳри Душанбе Асомуддин Бобохонзода баррасӣ гардид.
Муайян шуд, ки Хушвахт Олимови 23-сола, зодаи ноҳияи Восеъ, донишҷӯи бахши 4-уми факултаи варзиши Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, роҳи донишомўзиро пеша накарда, бо мақсади ғаразнок, яъне ба даст овардани молу мулки ғайр ба миқдори калон ҷиноятҳои махсусан вазнин- одамкушӣ ва роҳзаниро содир намудааст.
Х. Олимов 2 марти соли 2017, тахминан соатҳои 07.00 бо худ корди хочагӣ гирифта, ба назди бинои №85/1, кӯчаи ба номи Н. Махсум ҳозир шуда, дар назди даромадгоҳи аввали бино дар паси дарахт меистад ва баромадани Гулнора Насироваро мунтазир мешавад.
Тахминан соатҳои 07:50 Г. Насирова ҳамроҳи хизматгорзанаш Т. Буриева аз манзили зисташ бо ҷомадонҳои тилловорӣ баромада, онҳоро ба бағоҷи мошинаш, тамғаи «Лексус RX-350», рақами қайди давлатиаш 88-81 АР 01, ки дар саҳни ҳавлии бино қарор дошт, мегузоранд. Номбурда боз ба хонааш рафта, лаҳзае пас худаш танҳо омада, ба мошин нишаста, онро ба кор медарорад ва мунтазири гарм шудани он мешавад.
Дар ҳамин вақт Х. Олимов бо мақсади сабт нашудани чеҳрааш дар наворҳои камераҳои мушоҳидавӣ, кулоҳи либоси варзишии худро ба сараш кашида, аз камингоҳи худ ба сӯи мошини Г. Насирова босуръат ҳаракат мекунад. Ў дари пеши мошини Г. Насироваро кушода, ба нишастгоҳи паҳлӯи ронанда мешинад ва бо бераҳмии махсус ба узвҳои ҳаётан муҳими ў 14 зарбаи марговар мезанад, ки дар натиҷа Г. Насирова ба ҳалокат мерасад.
Х. Олимов тани беҷони номбурдаро ба нишастгоҳи паҳлӯи ронанда рӯ ба поён гузошта, худ ба ҷойи ронанда нишаста, мошинро ба самти деҳаи Дурманбулоқи ҷамоати Лучоби ноҳияи Варзоб меронад.
Қотил аз дохили мошин телефони мобилии тамғаи «Iphone-6s» бо арзиши 4950 сомонӣ ва 954 адад маснуоти заргарии тиллоиро ба миқдори махсусан калон тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ба шаҳри Душанбе бармегардад.
Х. Олимов маснуоти ба даст овардаашро 2 ва 3 март ба бозори “Корвон” бурда, фурӯхтааст.








ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
То 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст






