Озмуни ҷумҳуриявии «Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ» ҷамъбаст гардид

Май 30, 2017 12:15

ДУШАНБЕ, 30.05.2017. /АМИТ«Ховар»/. Ҳафтаи сипаригардида дар Маҷмааи сайёҳии «Варзоб» озмуни ҳафтуми ҷумҳуриявии «Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ», ки тайи панҷ рӯз бо шукӯҳи хоса ҷараён гирифт, ҷамъбаст шуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар озмун 10 даста дар ҳайати 100 нафар нозирони навраси ҳаракат дар роҳ аз шаҳри Душанбе, литсейи № 2, Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 42, шаҳри Конибодом ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, ноҳияҳои Мӯъминобод, Балхии вилояти Хатлон, литсеи Оғохони шаҳри Хоруғи Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон, минтақаи Рашт, шаҳрҳои Ваҳдат ва Турсунзода ширкат варзиданд.
Дар натиҷа зимни ҷамъбасти озмун дастаи «Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ»-и шаҳри Турсунзода сазовори ҷойи аввал, дастаҳои «Нозирони навраси ҳаракат»-и мактаби №42-и шаҳри Душанбе ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд сазовори ҷойи дуюм ва дастаҳои «Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон ва дастаи литсейи №2-и шаҳри Душанбе сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Мақсади асосии озмун аз инкишоф додани корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ, гирифтани пеши роҳи фалокатҳои роҳу нақлиётӣ, фаҳмонидани оқибати онҳо ба кӯдакону наврасон ва ҷалби диққати ташкилоту идораҳои марбута дар ин самт иборат буд.

Май 30, 2017 12:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид