Пагоҳ дар Тоҷикистон ҳавои ғуборолуд дар назар аст
ДУШАНБЕ, 29.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Аз 30 то 31 майи соли равон дар ҷумҳурӣ ҳавои ғуборолуд дар назар аст.
Тавре ки аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҳавои ғуборолуд тайи ду рӯз идома ёфта, он аз минтақаи ғарбии Россия дохил шуда, якбора боиси ноустувор гаштани ҳаво мегардад. Дар ин рӯзҳо ҳарорати ҳаво аз 8 то 10 дараҷа паст мегардад.
Бар асоси пешгӯии ин марказ, 30 май дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи абрнок шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ғарби вилоят боридани борони шиддатнок дар назар дошта шуда, ҳаво шабона 9-14 ва рӯзона 18-23 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона 0-5 ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон низ ҳавои тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат ва дар баъзе ҷойҳо борони шиддатнок борида, раъду барқ ва чангу ғубор ба амал меояд. Ҳарорати ҳаво шабона 21-26 ва рӯзона 29-34 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи абрнок шуда, борони кӯтоҳмуддат ва дар баъзе ҷойҳо борони шиддатнок шуда, раъду барқ ба амал меояд. Дар водиҳо ҳаво шабона 19-24 ва рӯзона 26-31 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, боридани борон, раъду барқ ва чангу ғубор дар назар аст. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 19-24 ва рӯзона 26-31 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар аст. Гармии ҳаво шабона 19-21 ва рӯзона 27-29 дараҷаро ташкил медиҳад.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид






