Пешвои миллат: «Мо бояд нагузорем, ки ҷавонон таҳти таъсири ақидаҳои хурофотпарастонаву ифротӣ қарор гиранд»

Май 12, 2017 09:10

ДУШАНБЕ, 12.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳодисаҳои даҳшатборе, ки солҳои охир дар баъзе кишварҳои олам рух дода, тамоми ҷомеаи башариро ба ташвиш овардаанд, асосан аз ҷониби ҷавононе содир шуда истодаанд, ки саводи кофӣ надоранд ва ҳамчун бозичаи дасти доираҳои манфиатҷӯ ва ашхоси ҷиноятпеша истифода мешаванд. Ин  нуктаро  имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зимни ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9 дар деҳаи Сангтӯдаи ноҳияи Данғара таъкид намуданд.

Сарвари давлат ҳамчунин изҳор намуданд, ки дар робита ба ин Ҳукумати мамлакат ва сохтору мақомоти давлатӣ барои пешгирӣ кардани таъсири чунин равандҳои хатарнок ва шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ ҳамаи чораҳоро амалӣ карда истодаанд. Пешвои миллат хотирнишон сохтанд, ки дар баробари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ масъулони соҳаи маориф, падару модарон ва аҳли ҷомеа бояд дар ин самт бисёр фаъол бошанд, ба тарбияи фарзандони худ ва наврасону ҷавонон эътибори ҷиддӣ диҳанд, онҳоро аз роҳи бад гардонанд ва нагузоранд, ки ҷавонон таҳти таъсири ақидаҳои хурофотпарастонаву ифротӣ қарор гиранд.

Президенти мамлакат бо эътимоди комил изҳор намуданд, ки  сокинони ноҳияи Данғара, аз ҷумла мардуми заҳматқарини деҳоти Сангтӯда минбаъд низ барои боз ҳам ободу зебо гардонидани диёри аҷдодӣ ва тарбияи насли ояндасоз дучанд ҷаҳду талош мекунанд.

Пешвои миллат наврасону ҷавононро насли хушбахт ҳисобида, изҳор намуданд, ки онҳо бояд ҳамеша кӯшиш намоянд, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил кунанд, рафтори намунавӣ дошта бошанд, ҳамчун мутахассисони баландихтисос ба камол расанд ва оянда давлати озоду соҳибихтиёри Тоҷикистонро соҳибӣ карда, пешрафту тараққиёти онро таъмин созанд.

 

Май 12, 2017 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид