Пешвои миллат: «Мо бояд нагузорем, ки ҷавонон таҳти таъсири ақидаҳои хурофотпарастонаву ифротӣ қарор гиранд»
ДУШАНБЕ, 12.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳодисаҳои даҳшатборе, ки солҳои охир дар баъзе кишварҳои олам рух дода, тамоми ҷомеаи башариро ба ташвиш овардаанд, асосан аз ҷониби ҷавононе содир шуда истодаанд, ки саводи кофӣ надоранд ва ҳамчун бозичаи дасти доираҳои манфиатҷӯ ва ашхоси ҷиноятпеша истифода мешаванд. Ин нуктаро имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9 дар деҳаи Сангтӯдаи ноҳияи Данғара таъкид намуданд.
Сарвари давлат ҳамчунин изҳор намуданд, ки дар робита ба ин Ҳукумати мамлакат ва сохтору мақомоти давлатӣ барои пешгирӣ кардани таъсири чунин равандҳои хатарнок ва шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ ҳамаи чораҳоро амалӣ карда истодаанд. Пешвои миллат хотирнишон сохтанд, ки дар баробари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ масъулони соҳаи маориф, падару модарон ва аҳли ҷомеа бояд дар ин самт бисёр фаъол бошанд, ба тарбияи фарзандони худ ва наврасону ҷавонон эътибори ҷиддӣ диҳанд, онҳоро аз роҳи бад гардонанд ва нагузоранд, ки ҷавонон таҳти таъсири ақидаҳои хурофотпарастонаву ифротӣ қарор гиранд.
Президенти мамлакат бо эътимоди комил изҳор намуданд, ки сокинони ноҳияи Данғара, аз ҷумла мардуми заҳматқарини деҳоти Сангтӯда минбаъд низ барои боз ҳам ободу зебо гардонидани диёри аҷдодӣ ва тарбияи насли ояндасоз дучанд ҷаҳду талош мекунанд.
Пешвои миллат наврасону ҷавононро насли хушбахт ҳисобида, изҳор намуданд, ки онҳо бояд ҳамеша кӯшиш намоянд, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил кунанд, рафтори намунавӣ дошта бошанд, ҳамчун мутахассисони баландихтисос ба камол расанд ва оянда давлати озоду соҳибихтиёри Тоҷикистонро соҳибӣ карда, пешрафту тараққиёти онро таъмин созанд.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






