Пинҳон аз назорати гумрукӣ интиқол додани нусхаи нодири китоби Қуръон пешгирӣ карда шуд

Май 17, 2017 10:50

ДУШАНБЕ, 17.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд зимни гузаронидани амалиёти гумрукӣ воситаи нақлиёти тамғаи «Тойота – Эстима», рақами қайди давлатии Ҷумҳурии Қирғизистон, ки таҳти ронандагии шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон И. Қ. қарор дошт, мавриди санҷиш қарор дода шуд.

Тибқи иттилои Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни азназаргузаронии нақлиёти мазкур аз дохили халтаи полиэтилении рангаш сафед як адад нусхаи  қадимии  китоби Қуръон   дарёфт гардид.

Китоби мазкур ба шаҳрванд И. Қ., соли таваллудаш 1990, истиқоматкунандаи ноҳияи Лайлаки вилояти Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон тааллуқ дошта, номбурда  мехост онро аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Қирғизистон   пинҳонӣ аз назорати гумрукӣ интиқол диҳад.

Мувофиқи хулосаи коршиносон китоби  дарёфтшудаи Қуръон  осори бадеии таърихӣ, бостоншиносӣ, адабӣ ва дорои арзишҳои дигари фарҳангӣ ба ҳисоб рафта, таърихи зиёда аз 300-сола дорад.

Аз рӯи ҳолати мазкур нисбат ба шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон И. Қ. бо моддаҳои 32 қисми 3 ва 289 қисми 2 — и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, аз рӯи тобеияти тафтишотӣ ба Прокуратураи вилояти Суғд равон карда шуд.

 

 

Май 17, 2017 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид