Пинҳон аз назорати гумрукӣ интиқол додани нусхаи нодири китоби Қуръон пешгирӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 17.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд зимни гузаронидани амалиёти гумрукӣ воситаи нақлиёти тамғаи «Тойота – Эстима», рақами қайди давлатии Ҷумҳурии Қирғизистон, ки таҳти ронандагии шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон И. Қ. қарор дошт, мавриди санҷиш қарор дода шуд.
Тибқи иттилои Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни азназаргузаронии нақлиёти мазкур аз дохили халтаи полиэтилении рангаш сафед як адад нусхаи қадимии китоби Қуръон дарёфт гардид.
Китоби мазкур ба шаҳрванд И. Қ., соли таваллудаш 1990, истиқоматкунандаи ноҳияи Лайлаки вилояти Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон тааллуқ дошта, номбурда мехост онро аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Қирғизистон пинҳонӣ аз назорати гумрукӣ интиқол диҳад.
Мувофиқи хулосаи коршиносон китоби дарёфтшудаи Қуръон осори бадеии таърихӣ, бостоншиносӣ, адабӣ ва дорои арзишҳои дигари фарҳангӣ ба ҳисоб рафта, таърихи зиёда аз 300-сола дорад.
Аз рӯи ҳолати мазкур нисбат ба шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон И. Қ. бо моддаҳои 32 қисми 3 ва 289 қисми 2 — и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, аз рӯи тобеияти тафтишотӣ ба Прокуратураи вилояти Суғд равон карда шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






