Рамазон Раҳимзода: «Мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расонида мешаванд»

Май 17, 2017 08:54

ДУШАНБЕ, 17.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сочи бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар Федератсияи Россия вохӯрӣ доир намуд.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҶТ хабар доданд, дар вохӯрӣ зиёда аз 60 нафар намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикон аз вилоятҳо ва шаҳрҳои Россия иштирок намуда, миннатдории худро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба авфи муҳоҷиратӣ–расмикунонии будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ ва муҳайё кардани шароити мусоид расониданд.

Дар вохӯрӣ роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони Федератсияи Россия  мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар Федератсияи Россия ба фаъолият машғуланд, ба Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода баён доштанд. Вазири корҳои дохилӣ изҳор дошт, ки барои ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ ҳамаи тадбирҳо андешида шуда, мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расонида мешаванд.

Рамазон Раҳимзода барои ҳамкории судманд бо мақомоти корҳои дохилӣ як гурӯҳ намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикон дар Федератсияи Россияро бо медалҳои «Барои ҳамкорӣ» ва ифтихорномаҳои фахрӣ қадрдонӣ кард.

Ёдовар мешавем, ки Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода барои иштирок дар ҷаласаи Мушовараи якҷояи вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ба шаҳри Сочи сафари корӣ намудааст.

 

Май 17, 2017 08:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид