Рўзҳои эмгузаронии иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардиданд
ДУШАНБЕ, 16.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 то 26 майи соли 2017 дар байни кўдакони аз 1 то 9-сола маъракаи эмгузаронӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшонро ба нақша гирифтааст. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Мақсади «Рўзҳои эмгузаронии иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ, пешгирии гардиш ва интиқоли вируси сурхча ба дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, маҳв намудани бемориҳои сурхча, гулафшон ва пешгирии аломати гулафшони модарзодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Тибқи натиҷаи банақшагирии хурд дар давоми Рўзҳои эмгузаронии иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 миллиону 969 ҳазору 124 нафар кўдакони аз 1 то 9-сола эм гузаронида мешаванд, ки барои ин 2 млн 164 ҳазору 500 адад вояи ваксинаи зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон ба ҷумҳурӣ ворид карда шудаанд. Ваксинаҳо тавассути Шуъбаи таъминоти Хазинаи кўдакони Созмони Милали Муттаҳид барои Ҷумҳурии Тоҷикистон харидорӣ карда шудаанд. Тамоми ваксинаҳое, ки тавассути низоми Созмони Милали Муттаҳид харидорӣ карда мешаванд, дорои сертификати сифати боварии комили Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ мебошанд.
Мувофиқи фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинарҳои омўзишӣ дар бораи банақшагирии эмгузаронии кўдакон ва муайян намудани талаботи ваксинаҳо дар байни кормандони алоқаманди соҳаи иммунопрофилактика ва омўзишҳо дар байни ваксинаторон барои Рўзҳои эмгузаронии иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шудаанд. Дар давоми маъракаи мазкур эмгузаронии кўдакони гурўҳи мақсаднок дар муассисаҳои тиббии ҷои зист, мактабҳо ва кўдакистонҳо гузаронида мешавад.
Дар доираи иҷрои нақшаи чорабиниҳо барномаҳои муҳим баҳри баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии аҳолӣ оид ба моҳияти эмгузаронӣ бар зидди бемориҳои сурхчаю гулафшон ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ бо истифода аз ВАО, тақсим намудани китобчаҳои тарғиботӣ дар байни аҳолӣ, пахши роликҳо, барномаҳои телевизионӣ бахшида ба Рўзҳои эмгузаронии иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд.
Бояд гуфт, ки бемории сурхча-ин бемории шадиди сироятшаванда буда, аслан хосиятҳои он баландшавии ҳарорати бадан, газаки роҳҳои нафас, газаки милкҳои чашм ва холҳои папулёзӣ дар бадан мебошанд. Бемории сурхча хеле хатарнок буда, метавонад ба фавт расонад.
Дар робита ба ин Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳолии мамлакатро барои иштироки фаъол дар «Рўзҳои эмгузаронии иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» даъват менамояд.
Ҳамзамон Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати сокинони кишвар мерасонад, ки эмгузаронӣ комилан ройгон аст.








ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд






