С.Аслов ва В. Худак ҳамкории самараноки Тоҷикистон бо Бонки сармоягузории Аврупоро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 18.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 17 май дар шаҳри Люксембург Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Ноиби президенти Бонки сармоягузории Аврупо Вазил Худак мулоқот намуд.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии кишвар хабар доданд, зимни мулоқот масъалаҳои кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории самараноки Тоҷикистон бо Бонки сармоягузории Аврупо муҳокима гардиданд.
Дар мулоқот аз шарикии созандаи ҷонибҳо дар татбиқи лоиҳаҳои авлавиятноки Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда шуд. С.Аслов ба роҳбарияти бонки мазкур барои сармоягузории лоиҳаҳои миллӣ ва байналмилалии Тоҷикистон, аз ҷумла «CASA-1000» арзи сипос намуда, ҷиҳати тақвияти бештари ҳамкории тарафайн ҳавасмандии амиқ баён кард.
Мусоҳибон ҳамчунин имконияти маблағгузории татбиқи лоиҳаҳои дигари Тоҷикистон дар соҳаҳои гидроэнергетика, кишоварзӣ ва рушди деҳотро мавриди баррасӣ қарор доданд.








Дар Душанбе ҳамкории судманди Тоҷикистон ва сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Ҷониби Тоҷикистон аз баргузории муваффақонаи раъйпурсии ҷумҳуриявӣ дар Қазоқистон истиқбол намуд
Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Вена мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ барои тавонмандсозии занон дар Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Чин дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Берлин 2026 иштирок намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи нуфус ва рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо муовини Котиби кулли Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар шимолу ғарби Русия вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Ленингради Русия мулоқот намуд






