«Садои дилрабои арғунун»- Фестивали байналмилалии мусиқӣ дар Душанбе
ДУШАНБЕ, 15.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. «Садои дилрабои арғунун»-таҳти чунин унвон бори нахуст дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 -17 май Фестивали байналмилалии мусиқӣ баргузор мешавад.
Баргузории Фестивали байналмилалии мусиқӣ дар ҳаёти фарҳангии кишварамон арзишманд арзёбӣ шуда, Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ чун як кишвари дорои арзишҳои фарҳангии байналмилалӣ муаррифӣ менамояд. Фестивали эҷодӣ бо ташаббуси роҳбарияти Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва намояндагии «Россотрудничество» дар Тоҷикистон маҳз бо дастгирии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон хабар доданд, дар фестивали бонуфузи мусиқӣ арғунуннавозони Тоҷикистон, Россия, Олмон, Қазоқистон ва Қирғизистон ширкат меварзанд.
Дар доираи фестивал консертҳои рангин, ҳамчунин суҳбатҳо, дарсҳои маҳорат ва барномаҳои фарҳангӣ ба нақша гирифта шудаанд.









Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад






