Сармуҳосиб барои заминфурӯшӣ аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои давлатӣ ва роҳбарикунанда маҳрум гардид

Май 10, 2017 08:49

ДУШАНБЕ, 10.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо ҳукми суди ноҳияи Рӯдакӣ А. Алихонов барои қаллобӣ ва ғайриқонунӣ додани замин (моддаҳои 247 қ. 4 банди «б» ва 338, эзоҳи 1, қ. 2 банди «в» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон)  гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 2000  нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 80 ҳазор сомонӣ бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои давлатӣ ва роҳбарикунанда ба муҳлати 4 сол таъйин карда шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, номбурда барои он айбдор дониста шудааст, ки ӯ дар асоси фармони сардори кооперативи истеҳсолии «Сайёд-2006» аз 13 ноябри соли 2013 ба вазифаи  сармуҳосиби кооперативи номбурда таъйин гардида, бо истифода аз мақоми хизматӣ- бо роҳи фиреб ва суиистифода аз боварӣ аз шаҳрванд Н. Қосимов 6000 доллари ИМА гирифтааст. Ӯ дидаю дониста, ки ҳуқуқи ҷудо карда додани заминро надорад, аз заминҳои корами обии кооперативи истеҳсолии «Сайёд-2006», воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ ба Н. Қосимов барои сохтмони хонаи истиқоматӣ 0,03 га қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда додааст.

 

 

Май 10, 2017 08:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид