Шамсиддин Орумбекзода: «Малика Собирова чун ситораи нотакрори рақси классикӣ ва балет дар қалби мухлисони ҳунар боқӣ мемонад»

Май 22, 2017 11:42

ДУШАНБЕ, 22.05.2017. /АМИТ Ховар/. 21 майи соли равон дар  Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ  бахшида ба зодрӯзи Ҳунарпешаи халқии СССР ва Тоҷикистон  Малика Сорбирова гала-консерт баргузор гардид.

Тавре аз Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги  Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар барномаи фарҳангӣ филми мустанади филмбардори маъруфи тоҷик Заур Дахте оид ба ҳаёт ва  фаолияти Малика Собирова  намоиш дода шуд.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода  аҳли толорро, ки ба хотири санъати асили Ҳунарманди  халқии СССР, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдулло Рўдакӣ  Малика Собирова  ҷамъ омада буданд,  хайрамақдам гуфт. Мавсуф зикр кард, ки шахсияти комил ва ҳунарпешаи тавоное чун Малика Собирова воқеан ситораи нотакрори балет аст, ки ҷовидон дар қалбҳои мухлисони санъати волои рақс ва балети классикӣ боқӣ мемонад.

Барномаи консертиро ҳунарпешагони хизматнишондодаи Қазоқистон аз Театри давлатии опера ва балети «Астана — Опера» оғоз карданд. Онҳо порчаеро аз балети А. Адан «Большое Pas de deux  Жизели и Альберта» дар хореографияи Ж. Перро, Ж. Коралли ва М. Петипа манзури тамошобинон намуданд. Қобили зикр аст, ки моҳи октябри соли 1961 ин рақс нахустнамоиши Малика Собирова дар саҳнаи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ гардида буд.

Солистони балет аз Театри «Кремлевский балет» (Россия), Театри калони давлатии академии Россия, Театри миллии академии опера ва балети Қирғизистон ба номи А. Малдибоев ва Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ  спектаклҳои гуногунро аз асарҳои бастакорони ҷаҳонӣ ва ватанӣ  рўи саҳна оварданд.

Дар фарҷоми гала-консерт  порчае аз филми «Рубоиёти Хайём»  дар иҷрои Малика Собирова намоиш дода шуд.

Гала-консерт аз ҷониби санъатшиносон ва тамошобинон хеле хуш истиқбол гардид.

 

 

 

Май 22, 2017 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» дар нашриёти «Дониш» чоп шуд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид