Шодӣ Солеҳҷонов: «Парки миллии Тоҷикистон яке аз меросҳои фарҳангии ҷаҳонист»

Май 24, 2017 10:54

ХОРУҒ, 24.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Парки миллии Тоҷикистон бо табиати нотакрору асроромез, обҳои мусаффои рӯдхонаву кӯлҳои табиӣ, ҳайвоноти нодир ва аз ҳама муҳим- расму суннатҳои мардумӣ  сол аз сол таваҷҷуҳи оламиёнро бештар ба худ ҷалб месозад. Инро ба назар гирифта, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Созмони Милали Муттаҳид даъват намуд, ки Парки миллии Тоҷикистонро ба феҳристи мероси фарҳангии ҷаҳон шомил созанд. Аз соли 2009 мутахассисони ЮНЕСКО ба омӯзишу тадқиқоти ҳудуди ин парк оғоз намуданд ва 21 июни соли 2013 Кумитаи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дар ҷаласаи 37-уми худ Парки миллии Тоҷикистонро ба феҳристи мероси фарҳангии ҷаҳон шомил намуд.

Парки миллии Тоҷикистон дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷойгир буда, масоҳати он 1 миллиону 487 гектар мебошад. Дар ин минтақа бо ҳайвоноти нодир, ба мисли гӯсфанди Марко Поло, бузи сибирӣ ва паланги барфӣ, ки дар Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон шумораашон хеле кам мондааст, дучор омадан мумкин аст. Ҳукумати кишвар барои афзоиш додани шумораи ҳайвоноти нодир ҳамасола тадбирҳои мушаххас меандешад.  Дар робита ба ин директори Парки миллии  Тоҷикистон дар ВМКБ Шодӣ Солеҳҷонов гуфт: «Барои ҳифзу нигоҳдорӣ ва афзоиши насли паланги барфӣ ҳоло як лоиҳа амалӣ мегардад, ки мутобиқи он дар давоми се сол мутахассисон макони зисти ин палангро ҳаматарафа омӯхта, барои аз хатарҳои табиӣ ва инсонӣ ҳифз кардани он чора меҷӯянд. Паланги барфӣ хислати аҷиб дорад. Бештар танҳоиро дӯст медорад ва хеле кам иттифоқ меафтад, ки се ё чор паланги барфиро дар канори ҳам бинед. Ин ҷонвар дар бештари мавридҳо макони зисти худро дар қуллаҳои кӯҳ ва дур аз чашми инсон интихоб мекунад. Бинобар ин ба кам касон муяссар мегардад, ки ин ҳайвонро аз наздик бубинанд. Ҳоло дар кишвари мо қариб 260 паланги барфӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки дар Осиёи Марказӣ аз ҳама бештар аст».

Парки миллии Тоҷикистон яке аз меросҳои фарҳангии ҷаҳонӣ аст (5)Парки миллии Тоҷикистон яке аз меросҳои фарҳангии ҷаҳонӣ аст (1)

Яке аз дигар намудҳои ҳайвоноти нодир- ин гӯсфанди Марко Поло аст, ки шумораи зиёди онро дар ноҳияи Мурғоб дар баландии аз 4 то 5 ҳазор метр аз сатҳи баҳр дучор омадан мумкин аст. Ба андешаи директори Парки миллии Тоҷикистон, дар бештар мавридҳо ин гӯсфандон дар фасли зимистон бо мушкилии дарёфти  ғизо рӯ ба рӯ шуда, як қисмашон талаф меёбанд. «Аз ин рӯ Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва ширкатҳое, ки ҳаққи шикор доранд, ҳамасола дар фасли зимистон маъракаи биотехникӣ анҷом медиҳанд. Аз моҳи январ то моҳи апрел- то давраи об шудани барф дар ҷойҳои махсус  алафу намак захира карда мешавад.  Имсол дар вилоят барфи бесобиқа борид, аммо дар натиҷаи корҳои дастаҷамъона дар байни ҳайвоноти нодир ягон талафот ба қайд гирифта нашуд»,-илова кард Шодӣ Солеҳҷонов.

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, барои  ташвиқи сайёҳон ба ҳудуди Парки миллӣ аз сӯи ширкатҳои туристӣ корҳои назаррас анҷом дода мешаванд. Бо кумаку дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ кӯҳҳои Помири Тоҷикистон дар баробари дигар мавзеъҳои хушманзараи дунё  дар озмуни ҷаҳонии «Сад макони беҳтарини сайёҳӣ», ки дар шаҳри Любляни кишвари Славена баргузор гардид, ғолиб омада, ба феҳристи яке аз минтақаҳои тамошобоби дунё  ворид гашт.

Шодӣ Солеҳҷонов мегӯяд, ки дар ҳудуди Парки миллӣ беҳтарин посдорони урфу одатҳо ва фарҳанги қадимӣ умр ба сар мебаранд ва дар тӯли асрҳо онро аз насл ба насл интиқол медиҳанд. Сайёҳони зиёд маҳз бо мақсади аз наздик мушоҳида намудани ин урфу одатҳо ба ин минтақа сафар мекунанд. Доир намудани тӯи арӯсу домодӣ ба  як намоиш  шабоҳат дорад. Лаҳзаҳои ороиш додани  арӯсу домод ду соат идома мекунад ва дар ин муддат бо рақсу тарона  онро боз ҳам ҷолибтар месозанд. Бисёр сайёҳони хориҷӣ ҳангоми сафар ба Бадахшон аз сокинони маҳаллӣ хоҳиш мекунанд, ки онҳоро ба  тӯю маъракаҳои хурсандӣ баранд. Инро ба назар гирифта,  соли 2014 водии Вахони ноҳияи Ишкошим ва Бартанги ноҳияи Рӯшон ба рӯйхати мероси табиии умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гаштанд.

Парки миллии Тоҷикистон яке аз меросҳои фарҳангии ҷаҳонӣ аст (3) Парки миллии Тоҷикистон яке аз меросҳои фарҳангии ҷаҳонӣ аст (6)

«Итминони комил дорам, ки дар ояндаи наздик  кулли манотиқи кишвари азизи мо ба  феҳристи мероси фарҳангии ҷаҳон шомил мешаванд ва баъд аз тамошо меҳмонону сайёҳон ба дурустии баҳои Созмони Милали Муттаҳид розӣ мешаванд»,-мегӯяд бо дилпурӣ директори Парки миллии Тоҷикистон Шодӣ Солеҳҷонов.

Май 24, 2017 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастовардҳои мақомоти гумруки Тоҷикистон дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар ҳамоиши ҷавонон баррасӣ шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Имрӯз — Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Масъалаҳои умдаи риёзиёт дар осори Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём дар конфронси байналмилалӣ баррасӣ гардид
Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар шаҳри Ҳисор беш аз 4 миллиард сомониро ташкил намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 декабр, ҷумъа, 362-юмин рӯзи соли 2024 аст
Дар минтақаи таълимию таҷрибавии «Хуррамзамин» боғи интенсивӣ бунёд мешавад
Аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук дар Душанбе муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ пешгирӣ карда шуд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд
Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард