«Сомон Эйр» хатсайрҳоро ба самти Душанбе-Москва барқарор менамояд
ДУШАНБЕ, 01.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар бораи барқарор гардидани хатсайрҳо дар самти Душанбе-Москва хабар дод.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ширкати мазкур, парвоз ба самти Москва дар рўзҳои душанбе, чоршанбе, ҷумъа ва якшанбе, инчунин дар самти Хуҷанд-Москва, рўзҳои душанбе, чоршанбе ва ҷумъа роҳандозӣ мешавад. Парвозҳои барқароршуда рўзи чоршанбе, 3 май амалӣ карда мешаванд. Хамин тариқ, ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро дар самти Душанбе-Москва-Душанбе ҳафтае 7 маротиба ва дар самти Хуҷанд-Москва-Хуҷанд ҳафтае 3 маротиба ба роҳ мемонад. Вақти парвоз аз Душанбе ба Москва соати 08:00, аз Москва ба Душанбе соати 12:05, аз Хуҷанд ба Москва соати 21:00 ва аз Москва ба Хуҷанд соати 01:00 сурат мегирад.
Айни ҳол ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Хитой, Россия ва Қазоқистон бомуваффақият иҷро дорад.
Пойгоҳи ширкати ҳавопаймоӣ аз ҳавопаймоҳои навъи Боинг 737-300, -800 ва -900 иборат мебошад.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






